Дархости СММ барои барқарории оташбаси муваққат дар шимоли Ғазза
(last modified Wed, 23 Oct 2024 10:17:35 GMT )
Октябр 23, 2024 15:17 Asia/Dushanbe
  • Дархости СММ барои барқарории оташбаси муваққат дар шимоли Ғазза

САҲОБ. Раиси Ожонси имдоду кори Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ бар барқарории оташбаси фаврӣ дар шимоли борикаи Ғазза таъкид кард.

Ба гузориши шабакаи САҲОБ ба нақл аз ИРНА, Филипп Лозорини, раиси Ожонси имдоду кори Созмони Милал рӯзи сешанбе бо ҳушдор дар бораи вахомати авзои инсонӣ дар шимоли борикаи Ғазза, барқарории оташбаси фаврӣ, ҳатто барои чанд соат, барои хуруҷи ғайринизомиён аз шимоли Ғаззаро хостор шуд.

Дархости раиси Ожонси имдоду кори Созмони Милал дар ҳоле матраҳ шуд, ки Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико вориди сарзаминҳои ишғолӣ шудааст то бар асоси иддаои Вашингтон барои эҳёи музокироти оташбаси Ғазза талош кунад.

Режими ишғолгари Қудс бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри соли 2023 ҷанги вайронгареро зидди сокинони борикаи Ғазза ба роҳ андохтааст, ки бар асари он афзун бар вайрониҳои азиму қаҳтии маргбор, беш аз ҳазорон фаластинӣ, ки бештари онҳо зану кӯдак ҳастанд, шаҳиду захмӣ шудаанд.

Ожонси тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид бо оғози мутолеае дар мавриди таъсироти иҷтимоӣ - иқтисодии ҷанг гуфт, бар асоси бархе меъёрҳо сатҳи фақр дар Ғазза акнун ба сад дарсад наздик шудаву нархи бекорӣ низ ба 80 дарсад расидааст.