Аз асои Мӯсо то асои Яҳё/ Синвор устурае алайҳи фарзандони Фиръавн
(last modified Sun, 27 Oct 2024 16:04:27 GMT )
Октябр 27, 2024 21:04 Asia/Dushanbe
  • Аз асои Мӯсо то асои Яҳё/ Синвор устурае алайҳи фарзандони Фиръавн

Порс тудей - Нависандаи рӯзномаи “Эътимод” муътақид аст, ки ончӣ бар сари Яҳё Синвор рух дод, ӯро табдил ба устурае бузург кард.

Бар асоси каммияту навъи муҳтаво ва калидвожаҳои мунташир шуда дар фазои маҷозӣ, аз замоне, ки Яҳё Синвор шаҳид шуда, маҳбӯбияти ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ бисёр дар ҳоли афзоиш аст, бавижа пас аз интишори видеоҳои наҳваи шаҳодаташ тавассути режими Исроил. Бархе муътақиданд, маҳбӯбияти рӯзафзӯни Яҳё Синвор ношӣ аз маҷмуаи рӯйдодҳое аст, ки барои падид омадани устураҳо шакл мегирад.

Ба гузориши Порс Тудей, Саиди Атоуллоҳи Муҳоҷиронӣ, таҳлилгари эронӣ дар воковии ин амр навишт: Қуръони Маҷид гуфтугӯи Худованди Мутаъол бо Мӯсо (а)-ро ривоят кардааст. Дар даҳ муносибату оя, ки дар Қуръон сухан аз асо ба миён омадааст; дар ҳамагии оёт сухан аз асои Мӯсо (а) аст. Асои Сулаймон (а) ба рағми шӯҳрати бисёрашу достони мӯриёна нишоне аз он дар оёт нест. Дар сураи “Тоҳо” аз ояи 17 то 21 мавзуи асои Мӯсо ва короӣ ва корбурди он матраҳ шудааст: «Мӯсо! Дар дасти ростат чист? гуфт: Асои ман аст. Ба он такя медиҳам. Бо он барои гусфандонам барги дарахтонро мерезам. Дар он манофеи дигаре ҳам бароям ҳаст! Гуфт: Мӯсо! Асоятро бияфкан! Онро афканд. Ҳамонанди аждаҳое ҳаракат мекард. Гуфт: Онро бигир ва ҳаросе надошта бош. Асоро ба шамоили нахусташ боз мегардонем.»

Ҳангоме, ки Яҳё Синвор дар зери оворҳои бомбаборон бо пайкари захмӣ ва чашмони равшану ҳӯшманд дар охирин лаҳазоти умри хеши чӯби дастии худро ба суи артиши Исроил афканд. Артише, ки дар ситаму кӯдаккушӣ шабоҳатҳои бисёре ба рафтори Рамсес II Фиръавни замони Мӯсо дорад. Бедиранг дар зеҳнам дурахшид: «Ва мо тилки бияминика ё Яҳё !» Яҳё дар дасти ростат чист? таърих аз Мӯсо то Яҳё, аз Фиръавн то Натаняҳу аз асои Мӯсо то асои Яҳё чӣ роҳи кӯтоҳеро омадааст! Муъҷизаи Мӯсо дар ҳайати дигар дар баробари мо зинда шудааст. Устураи табдил ба воқеият шудааст. Маҳмӯди Дарвеш, ки Эмил Ҳабибӣ, румоннавис гаронқадри фаластинӣ аз ӯ дар румони «Ал Мутшоил» бо унвони «паёмбари калима» ёд кардааст; дар қасидаи «Мансур фи ҳазара ал Ғиёб» сурӯдааст: «баъд аз ин ниёзе ба асотир нест. Ончӣ дар асотир иттифоқ меафтод; акнӯн дар мо иттифоқ меафтад!» (1)

Яҳё Синвор, монанди Ораши Камонгир дар адабиёти достонӣ ва асотири эронӣ табдил ба устура шуд. Кӯдакону навҷавонони фаластинӣ ҳамонанди ӯ дар вайронаҳо рӯи мебели такнафара менишинанд. По рӯи по меандозанд. Лабханд мезананд. Чӯбдастӣ дар даст мегиранд. Яъне Яҳё Синвор ҳамчунон зинда ва илҳомбахш аст.

Дар ҷанги ривоятҳо шабакаҳои нерӯманди таблиғотии саҳюнистӣ ва ҳомиёни Исроил мудом мегӯянд: Исроил ҳаққи дифо аз худро дорад. Ҷанги Исроил алайҳи тероризм аст. Ҷанги тамаддун алайҳи таваҳҳуш аст. Ҷанги тамаддун алайҳи ақибмондагӣ аст. Ривояте, ки он ба он такрор мешавад. Натаняҳу дар иҷлоси ахири Созмони милал гуфт: «Ӯ аз ҳақиқат сухан мегуяд.» Голлант, вазири ҷанг Исроил мегуяд: «ҷанги онҳо одилона аст.»

Онҳо ҳеҷ гоҳ калимаи Фаластину фаластиниҳоро ба забон намеоваранд. Гумон мекунанд, Фаластин тамом шудааст. Ривояти онҳо фарогир шудааст. Ногоҳ дар ҳафтуми октябр Тӯфони Алақсо иттифоқ афтод ва беш аз як сол баъд Яҳё Синвор, ки гуфтанд, дар тунелҳо махфӣ аст. Гуфтанд, аз гаравгонҳо ва кӯдакони фаластинӣ барои ҳифзи ҷонаш сипари инсонӣ сомон додааст.

Дар хонае бо либоси разм дар баробари артиши Исроил намоён мешавад ва дар охирин ҷиҳоди намодинаши асои худро ба суи артиши мутаҷовиз меафканад. Устура мутаваллид мешавад. Хостанд ӯро хафиф кунанд. Дар ситеғи иззату шарофату шуҷоату шаҳодат истодааст.

1 . Маҳмуди Дарвеш, Ал Аъмол Ал Ҷадида Ал Комила, ҷ 2, саҳ.381