53 шаҳид ва захмӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Лубнон
(last modified Mon, 28 Oct 2024 09:25:19 GMT )
Октябр 28, 2024 14:25 Asia/Dushanbe
  • 53 шаҳид ва захмӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Лубнон
    53 шаҳид ва захмӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Лубнон

Саҳоб- Ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон 14 шаҳид ва 39 захми барҷой гузошт.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб, ба нақл аз шабакаи Алҷазира, Вазорати беҳдошти Лубнон эълом кард: Бар асари ду ҳамлаи ҳавоии Исроил ба шаҳракҳои “Ҳарат Сайдо” ва “Албурҷи Шимолӣ” дар ҷануби Лубнон дастикам 14 нафар шаҳид ва 39 тани дигар захмӣ шудаанд.

Бар асоси гузориши ин Вазорат, ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон то кунун 2672 шаҳид ва 12468 захмӣ барҷой гузошта аст. Дар ҳамин ҳол 168 нафар аз имдодгарон ба ҳалокат расиданд.

Размандагони Ҳизбуллоҳ дар дифоъ аз миллат ва кишвари Лубнон ва мардуми Ғазза субҳи рӯзи душанбе барои дувумин бор ба мавзеъи сарбозони душмани саҳюнистӣ дар Ал-Манора ва Марглиётро мушак партоб карданд.