Январ 14, 2017 11:39 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия барои ҳалли буҳрони Сурия

Муовинони вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия дар Маскав охирин таҳаввулоти Сурия ва барномаи музокироти тарафҳои суряӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистонро баррасӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар нишасти сеҷонибаи Ҳусейн Ҷобири Ансорӣ, Михаил Богданов ва С. Онал, муовинони вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия, ки асри ҷумъа дар Маскав баргузор гашт, масоили марбут ба Сурия бо авлавияти музокироти сулҳи Остона баррасӣ шуд. Муовинони вазирони умури хориҷии се кишвар тавофуқ карданд, ба ройзаниҳои худ барои бо муваффақият баргузор гаштани иҷлоси Остона ва кӯмак ба ҳалли буҳрони Сурия идома медиҳанд.

Қарор аст, 23-юми январ ҷаласаи Остона бо мизбонии Қазоқистон, бо ҳузури намояндагони ҳукумату мухолифони Сурия, бо назорати се кишвар, Эрон, Туркияю Русия ва мушорикати намояндаи Созмони Милали муттаҳид баргузор шавад. Иҷлоси Остона пас аз озодии Ҳалаб бо ҳадафи тақвияти раванди сиёсӣ, якпорча кардани талошҳо барои мубориза бо терроризм ва эҷоди суботу истиқрори оромиш дар Сурия баргузор мешавад.

 

Барчасп