Ҳадаф қарор гирифтани нови ҳавопаймобари Абраҳами Амрико аз тарафи яманиҳо
Саҳоб - Ягони мушакӣ ва ҳавоии Яман бо ду амалиёти вижа, нови ҳавопаймобари амрикоии Абраҳамро ҳадаф қарор додааст.
Ба гузориши Саҳоб ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Яҳё Сареъ, сухангуи неруҳои мусаллаҳ гуфт, неруҳои мусаллаҳи Яман бо чандин фарванди мӯшаки крузу паҳпод ба нови ҳавопаймобари амрикоии «Абраҳам» дар Дарёи Араб ҳамла карданд, ин нов барои иҷрои амалиёти хасмона алайҳи Яман омода мешуд, ки бо ин ҳамлаи амалиёти ҳавоии душмани амрикоӣ низ ноком монд.
Яҳёи Сареъ, Амрико ва Англияро масъули танишҳои низомӣ дар Дарёи Сурх ва паёмадҳои он барои киштиронӣ дар ин дарё донист ва таъкид кард, ҳимоят аз миллати Фаластину миллати Лубнон то таваққуфи ҳамалоту таҷовузот ба онҳо идома хоҳад дошт.