Боррел хостори ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи режими саҳюнистӣ шуд
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба беэътиноии режими саҳюнистӣ нисбат ба риояти қонунҳои байналмилалӣ дар ҷанг алайҳи Ғазза гуфт, ки тарҳи таҳрими маҳсулоти шаҳракҳои ғайриқонунии (режим)и Исроил ва таваққуфи гуфтугуҳои сиёсӣ бо Тел-Авивро ба кишварҳои Аврупо пешниҳод карда ва қарор аст дар нишасти ояндаи Шӯрои вазирон ба баҳс гузошта шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷозеф Боррел - масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо баёни инки дар бисёре аз бахшҳои навори Ғазза тақрибан чизе вуҷуд надорад, ки битавонад зиндагии инсониро ҳифз кунад, гуфт: Шимоли Ғазза, ки замоне маҳалли зиндагии беш аз як миллион нафар буд, пас аз чандин ҳафта гулӯлаборони беамон ба таври комил тахлия шуда ва охирин марказҳои беҳдоштӣ, паноҳгоҳҳо ва мадориси боқимонда вайрон шудаанд.
Боррел афзуд: Тасодуфӣ нест, ки вожаи «поксозии қавмӣ» ба таври физояндае барои тавсифи ончи дар шимоли Ғазза дар ҳоли вуқӯъ аст, истифода мешавад.
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар идома бо маҳкумияти ҳадаф қарор додани хабарнигорон, тасреҳ кард: Ин тӯлонитарин хомӯши иттилооте аст, ки то кунун тавассути Исроил таҳмил шудааст; ба таврике то имрӯз беш аз 130 хабарнигор кушта шудаанд.