Ҳамлаи мушакии дурбораи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба сарзаминҳои ишғолӣ
(last modified Mon, 25 Nov 2024 07:11:43 GMT )
Ноябр 25, 2024 12:11 Asia/Dushanbe

Саҳоб- Ҳизбуллоҳи Лубнон бори дигар сарзаминҳои ишғолшударо бо мушакҳо ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши шабакаи "Саҳоб", ба нақл аз ИРНА, Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи якшанбе ба Телавив, маркази манотиқи ишғолии саҳюнистҳо, ҳамлаи мушакии нав анҷом дод, ки мунҷар ба чанд инфиҷори густарда дар ин минтақа шуд.
Матбуоти режими наслкуши Исроил низ хабар дод, ки мушакхои Хизбуллоҳи Лубнон ба Тел-Авив бо муваффақият зада, як манзил дар минтақаи Бита Такфа дар маркази сарзаминҳои ишғолшуда осеб дидаанд.
Созмони имдодрасонии режими ҷиноии саҳюнистӣ эълом кард, ки чанд тан аз саҳюнистҳо дар Битах-такфа захмӣ шудаанд.
Созмони радио ва телевизиони режими ишғолии Исроил низ эълом кард, ки дар пайи ин ҳамла фурудгоҳи Бен Гурион дар шарқи Тел-Авив баста шудааст.