Тақдири Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳимоятҳои имом Хоманаӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон
(last modified Sat, 30 Nov 2024 06:54:47 GMT )
Ноябр 30, 2024 11:54 Asia/Dushanbe
  • Тақдири Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳимоятҳои имом Хоманаӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе аз ҳимоятҳои комили имом Хоманаӣ аз мардум, давлат ва муқовимати Лубнон ва таҳаррукоти дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон қадрдонӣ кард.

Дар пайи таваққуфи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон, Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳизбуллоҳ бо судури баёнияе аз ҳимоятҳои комили Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар сарварии он имом Хоманаӣ аз мардум, давлат ва муқовимати Лубнон ташаккур кард.

Ба гузориши Порстудей, дар бахше аз ин баёния омадааст: «Мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба далели ҳимояти мутлақ аз муқовимати исломии Лубнон дар ҳама арсаҳо, ки дар сарварии он Раҳбари инқилоби исломӣ қарор доранд ва дар сафарҳои пай дар пайи оқоён Сайидаббос Ироқчӣ-вазири хориҷа ва Муҳаммадризо Шайбонӣ, намояндаи вай ва ҳамчунин Муҳаммадбоқир Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва Алии Лориҷонӣ-мушовири аршади Раҳбари инқилоби исломӣ дар авҷи таҷовузоти режими Исроил ошкор буд, камоли ташаккурро дорем.»

 Дар бахши дигаре аз ин баёния зимни қадрдонӣ аз сафири Эрон дар Лубнон, омадааст: «Ҷароҳати сафири Эрон дар Лубнон дар пайи таҷовузи режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин сафарҳои шаҳид Амирабдуллоҳиён-вазири собиқи хориҷаи Эронро фаромӯш намекунем ва аз ҳимоятҳои қавии фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сипосгузорем.»