Кадом давлатҳо бо террористҳои ошӯбгар дар Сурия иртибот доранд?  | Охирин таҳаввулот
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i118242
Порс-Тудей. Ба гуфтаи вазири хориҷаи Эрон, ҳамоҳангии комил байни режими саҳюнистӣ ва ҳатто давлати Амрико бо гуруҳҳои террористӣ - такфирӣ дар Сурия вуҷуд дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 03, 2024 14:09 Asia/Dushanbe
  • Самти рост - тасвире аз низомиёни сурӣ, самти чап - тасвире аз дидори Ироқчӣ бо раисиҷумҳури Сурия
    Самти рост - тасвире аз низомиёни сурӣ, самти чап - тасвире аз дидори Ироқчӣ бо раисиҷумҳури Сурия

Порс-Тудей. Ба гуфтаи вазири хориҷаи Эрон, ҳамоҳангии комил байни режими саҳюнистӣ ва ҳатто давлати Амрико бо гуруҳҳои террористӣ - такфирӣ дар Сурия вуҷуд дорад.

Гуруҳҳои террористӣ аз бомдоди чаҳоршанбе бо ҳимояти бархе аз кишварҳо ва вуруди неруҳои тозанафаси хориҷӣ, пас аз оташбас миёни Лубнону Исроил, иқдом ба ҳамлаи густарда ба мавозеи артиши Сурия дар манотиқи шимолӣ ва ғарбии ин кишвар карданд.

Гуфтугӯи телефонии Пизишкиёну Путин дар бораи вазъияти Сурия, ҳаракати террористҳо дар Сурия тибқи барномаи хориҷӣ, ҳузури муздурони украинӣ дар миёни террористҳо дар Сурия, озодсозии чанд минтақа дар устонҳои Ҳалабу Ҳамоҳи Сурия ва кушта шудани 100 террорист дар Сурия, гузидае аз охирин таҳаввулоти Сурия аст, ки дар ин гузориш аз “Порс-Тудей” мехонед.

 

Ройзании Путин ва Пизишкиён бо меҳварияти Сурия

 

Руасои ҷумҳури Эрону Русия асри душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ, таҳаррукоти ахири террористҳо дар шимоли Сурияро таҳдиде ҷиддӣ алайҳи суботу амнияти ин кишвар ва минтақа донистанд. Ду тараф дар ин тамоси телефонӣ бар ҳамкории муштарак барои кумак ба давлати Сурия дар муқобила бо гурӯҳакҳои террористӣ дар ин кишвар таъкид карданд.

 

Ироқчӣ: Ҳамоҳангии комил байни Исроилу Амрико барои иқдомоти террористӣ дар Сурия вуҷуд дорад

 

Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам душанбешаб бо ишора ба сафари ахири минтақаии худ ба Сурия ва Туркия гуфт: Дар Сурия паёми Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи пуштибониву ҳимояти комилу қотеъ аз давлату раисиҷумҳури Сурияро иблоғ кардам.

Ироқчӣ бо баёни инки ҳамоҳангии комиле байни режими саҳюнистӣ, Амрико ва гуруҳҳои террористӣ дар Сурия вуҷуд дорад, афзуд: Ҳамон тавр, ки давлати Сурия дар замони ҷанги таҳмилӣ дар канори мо буд, мо низ дар канори ин кишвар хоҳем буд.

Ҳусайни Акбарӣ, сафири Эрон дар Димишқ ҳам душанбешаб бо таъкид бар ин ки равобити Эрону Сурия дар сатҳи бисёр болое қарор дорад, афзуд: Ду кишвар дар шароити душвор аз якдигар ҳифозат ва ҳаросат мекунанд.

 

Атвон: Тарҳи сегонаи Амрико, режими саҳюнистӣ ва Туркия барои Сурия маҳкум ба шикаст аст

 

Дар ҳамин хусус Абдулбори Атвон, таҳлилгари маъруфи ҷаҳони араб дар матлабе дар “Раъю-ул-явм” бо ишора ба таҳаввулоти Сурия ва радди пои сегонаи Амрико, режими саҳюнистӣ ва Туркия дар ин таҳаввулот навишт: “Ончи ҳамакнун дар Сурия ҷараён дорад, такрори сенарияе аст, ки Амрико дар Ироқ аз оғози соли 1991, яъне эъмоли муҳосираву гуруснагии шадид то замони ҳамлаву ишғоли низомии он пас аз 12 сол анҷом доду режими собиқро барандохт. Аммо ин сенария бо Сурия, ки дорои артише қавӣ, пойгоҳи мардумӣ ва муттаҳиди роҳбурдие монанди Русия ва раисиҷумҳури Путин ва меҳвари муқовимат ба раёсати эронӣ, ки аз ҳайси низомӣ қавӣ аст, созгорӣ надораду маҳкум ба шикаст аст.

Маҳанд Алиқоби, мудири расонаии созмони Ҳашдушшаъбии Ироқ низ бомдоди сешанбе гуфт: Террористҳо дар Сурия тибқи тарҳу барномаи хориҷӣ фаъолият мекунанду ҳадафи онҳо барҳам задани суботи минтақа аст.

Ҳизби Ҷараёни мардумии Тунис ҳам дар баёнияе иқдомоти террористӣ дар Сурияро гоме дар ҷиҳати пиёдасозии тарҳи режими саҳюнистӣ, мавсум ба «Ховари миёнаи ҷадид» бо ҳимояти Амрико арзёбӣ кард.

Ба гузориши “Алолам”, Теҳрон - пойтахти Эрон рӯзи душанбе шоҳиди таҷаммуи эътирозӣ дар муқобили сафорати Туркия буд, ки дар он ҳимояти режими саҳюнистӣ ва Амрико ва Туркия аз гуруҳҳои такфирӣ ва террористӣ дар Сурия маҳкум шуд.

Яке аз шаҳрвандони сурии сокини Теҳрон дар ин таҷаммуъ ба хабарнигори “Алолам” гуфт: Туркия ахиран нақшҳои машкуке дар минтақа ифо мекунад ва собит карда, ки чанд чеҳра аст, ки яке аз ин чеҳраҳо ҳимоят аз гуруҳҳои мусаллаҳе аст, ки имрӯз дар Сурия фасод мекунанд ва аз ҳар навъ ҳимоят бархӯрдоранд.

Дар ҳамин ҳол шабакаи хабарии “Алмаёдин” бомдоди сешанбе ба нақл аз манобеи сурӣ гузориш дод, ки низомиёни украинӣ дар ҳамкорӣ бо гурӯҳаки террористии ҳайати “Таҳрир-уш-Шом” дар Сурия ҳузур доранд.

Вебгоҳи “Киев пост” ҳам чанде пеш эълом кард: Аъзои гурӯҳаки террористии “Таҳрир-уш-Шом”, фаъол дар шимоли Сурия, омӯзишҳои вижаро аз гуруҳи “Химик”-и неруҳои муртабит бо дастгоҳи иттилоотии Украина дарёфт кардаанд. Ин террористҳо давраи вижаи истифода аз паҳподҳоро дар Украина дидаанд.

Ба гузориши душанбешаби “Алолам”, ҳамзамон бо ташдиди фаъолияти террористҳо дар Сурия, як тим аз мусташорҳои низомии эронӣ ба унвони бахше аз тавофуқномаи ҳамкории низомӣ – амниятӣ -сиёсии Эрону Сурия, барои кумак ба ин кишвар дар муқобила бо ҳамалоти террористӣ, вориди Димишқ, пойтахти Сурия шуд.

Як манбаи вобаста ба гуруҳҳои муқовимат низ дар гуфтугӯ бо “Алмаёдин” таъйид кард, ки таҷҳизоту кумаки низомӣ ба ҷабҳаҳои шимолу шарқи Ҳамоҳ ва ҷануби Ҳалаб ирсол шудааст.

Ин манбаъ дар гуфтугӯ бо “Алмаёдин”, ин кумакҳоро шомили неру ва таҷҳизоти низомӣ донист, ки бо ҳадафи тақвияти артиши Сурия барои муқобила бо ҳамалоти гуруҳҳои террористӣ ирсол шудааст.

 

Кушта шудани 100 террорист дар Сурия

 

Дар ҳамин ҳол Маркази оштии Русия дар Сурия душанбешаб хабар дод, ки дар 24 соати гузашта дастикам 100 террорист дар Сурия кушта шудаанд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи хабарнигори “Алолам”, бо гузашти чанд рӯз аз ҳамалоти гуруҳҳои террористӣ, омори талафоти ин гуруҳҳо дар манотиқи мухталифи Сурия ба 1400 нафар расидааст.

Бар асоси эъломи манобеи сурӣ, артиши Сурия минтақаи «Умми Омуд дар ҳумаи шаҳраки Ассафира, дар шарқи Ҳалаб (шимоли Сурия)-ро низ аз ишғоли террористҳо озод кард.

Шабакаи “Алмаёдин” ҳам бомдоди сешанбе бо эъломи пешравии артиши Сурия ба сӯи Ассафира хотирнишон кард, ки ин пешравӣ ба маънои бозгашти фаврии неруҳои сурӣ ба умқи рустоҳои устони Ҳалаб аст.