Дублин: Исроил қодир ба хомӯш кардани садои ирландиҳо нест
(last modified Sat, 21 Dec 2024 05:07:46 GMT )
Декабр 21, 2024 10:07 Asia/Dushanbe
  • Дублин: Исроил қодир ба хомӯш кардани садои ирландиҳо нест

Порстудей- Рӯзи якшанбе Гидеон Саар, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ аз баста шудани сафорати Тел-Авив дар Ирландия ба далели ончи “сиёсати зиддисроъили”и Ирландия хонда, хабар дод.

Саймон Ҳаррис, нахуствазири Ирландия гуфт, ки кишвараш ҳамчунон ба интиқод аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин дар навори Ғазза идома хоҳад дод ва ин режим қодир ба хомӯш кардани садои Ирландия нахоҳад буд.

Ба гузориши Порстудей,Ҳаррис дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, тасмими Исроил барои бастани сафорати худ дар Дублинро ба унвони “дипломосии инҳироф(ба берора бурдан)и афкори умуми” тавсиф кард.

Ӯ гуфт: “Оё медонед чӣ чизе бояд маҳкум шавад? Куштори кӯдакон, маргумири ғайринизомиён дар Ғазза, раҳо кардани мардум дар гуруснагӣ ва адами ҷараёни кумакҳои башардӯстона. Ба назари ман инҳо чизҳое ҳастанд, ки бояд маҳкум шаванд.”

 Ҳаррис афзуд: “Ҳама аз мавзеъи Ирландия мепурсед, аммо дар мавриди иқдомоти Исроил чӣ? Дар мавриди корҳое, ки Натанёҳу алайҳи кӯдакони бегуноҳ дар Ғазза анҷом дода чӣ? Ин як дипломосии тахрибӣ аст.”

 Лозим ба зикр аст, ки рӯзи якшанбе Гидеон Саар, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ аз баста шудани сафорати Тел-Авив дар Ирландия ба далели ончи “сиёсати зиддисроилии” Ирландия хонда, хабар дод.

 Режими саҳюнистӣ сафири худро аз Дублин пас аз тасмими Ирландия барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин дар моҳи майи гузашта фаро хонда буд.

 Ҳафта гузашта Ирландия эълом кард, ки ба парвандаи қазоии ироашуда тавассути Африқои ҷанубӣ алайҳи Исроил дар Додгоҳи байналмилалии Гаага пайвастааст. Ин шикоят Исроилро ба даст задан дар ҷиноятҳои наслкушӣ дар Ғазза муттаҳам мекунад.