Январ 15, 2017 12:57 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти ҳавоии Арабистон ба Яман

Дар пайи ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба устони Таъиз-ҷанубу ғарби Яман, шуморе аз шаҳрвандони ин кишвар, кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, дар ҳамалоти шомгоҳи шанбеи ҷангандаҳои Саудӣ ба манотиқи маскунии устони Таъиз, дастикам ҳафт шаҳрванди яманӣ кушта ва шуморе захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ҷангандаҳои Саудӣ минтақа Алмадин воқеъ дар устони Таъизро ҳам ҳадафи ҳамла қарор доданд, ки ахборе дар бораи талафоти он эълом нашудааст.

Ҳаво паймоҳои ҷангии Саудӣ, рӯзи панҷшанбе низ бо бомбаҳои хӯшаӣ, рустое дар устони Саъда ( шимолу ғарби Яман)-ро бомбаборон карданд.

Хабари дигар аз Яман ин ки дар даргирии мусаллаҳона дар Наҷрони Арабистон ва наздики марзи муштарак бо Яман, яке аз неруҳои горди марзии Арабистон ба ҳалокат расид.

Арабистон аз марти 2015 ҳамалоти худро ба Яман шуру кардааст ва дар ҷараёни ин ҳамалот беш аз 11 ҳазор нафар кушта шуданд.