Кашфи ҳуҷатҳои шиносоии террористҳо дар Донишгоҳи Мӯсил
Як шабакаи лубнонӣ бо кашфи санадҳо ва мадорики мутааллиқ ба террористҳои ДИИШ, ки дар Донишгоҳи Мӯсил раҳо карда буданд, онро мунташир кард.
Ба гузориши шабакаи телевизионии ал- Олам, дар пайи озодсозии комили Донишгоҳи Мӯсил аз ишғоли террористҳои ДИИШ ба дасти ягони мубориза бо терроризми Ироқ, шабакаи лубнонии Аламёдин аз кашфи асноде хабар дод, ки дар он номҳо ва унвонҳои шуморе аз террористҳои узви гурӯҳе ба номи “артши режими баъси Ироқ” дида мешавад.
Бар асоси ин гузориш, бо наздик шудани неруҳои мубориза бо терроризм Ироқ ба Донишгоҳи Мӯсил, аъзои ин гурӯҳи террористии вобаста ба ДИИШ, аснод ва мадорики худро раҳо карда ва аз донишгоҳ гурехта буданд.
Ҳамчунин дар ин аснод, замони пайвастани аносури террорист ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва шарҳи вазоиф ва анвоъи силоҳҳои шахсӣ, ки бо худ ҳамла мекунанд, омадааст.
Дар санади дигаре, аз гурӯҳи террористии дигаре ба номи Ассоримул Баттор ном бурда шуда, ки гуфта мешавад ин гурӯҳи такфирӣ низ дар Мӯсил мустақар будааст.
Узви аршади ягони мубориза бо терроризми Ироқ, рӯзи шанбе аз озодии комили донишгоҳи Мӯсил аз ишғоли террористҳо хабар дод.
Террористҳо аз донишгоҳи Мӯсил ба унвони озмоишгоҳи тавлиди силоҳҳои химиёвӣ истифода мекарданд.