Чӣ гуна Ҳизбуллоҳ тавонист қудрати худ дар маҳори Исроилро собит кунад?
Порс тудей - Агарчӣ режими саҳюнистӣ дар ибтидои рӯёрӯиҳояш бо Ҳизбуллоҳ бо истифода аз фанноварии низомии дастовардҳоеро барои худ рақам зад, аммо хеле зуд, ин бартарӣ ранг бохт ва ба силоҳе беасар дар майдон табдил шуд.
Дар арзёбии раванду натоиҷи таҷовузи Исроил ба Лубнон, нақши «фанноварӣ» дар дастёбӣ ба натоиҷи муҳим дар майдон мавриди таъкид қарор гирифт; бавижа «ҳуши маснуӣ» ба унвони абзори ҷадиде, ки коромадии худро дар террори раҳбарон ва аз байн бурдани бахше аз тавонмандиҳои низомии Ҳизбуллоҳ нишон дод. Ба гузориши Порс тудей ва ба нақл аз хабаргузории Форс, аммо ин бартарии бесобиқа дар ҳавзаи фанноварӣ, Исроилро қодир насохт то бовуҷуди ҳамаи имтиёзоти бузуре, ки ба даст оварда, набардро ба нафъи худ рақам бизанда; ҳамчунон, ки натавонист ба аҳдофи аслии ҷанг даст ёбад; илова бар инки натавонист, монеъи маҳори сареъи ин бартарӣ тавассути Ҳизбуллоҳ шавад.
Изҳороти 8 январи 2025 Эйал Зиссер, яке аз барҷастатарин муаррихон ва коршиносони исроилии масоили Ғарби Осиё дар Исроили Ал явм, таъйидкунандаи ин гуфтааст. Вай мегуяд: «Дар замоне, ки ҳамаи шумо фикр мекунед, авзоъ хуб аст ва оромиш тасбит шуда, Ҳизбуллоҳ дар ҳоли бозсозии тавонмандиҳои низомии хеш аст.»
Аввалин чолише, ки муқовимат тавонист ба суръат бо он муқобила кунад, тағйири равияҳои ҳифозат аз кадрҳои ҷадиди сиёсӣ ва низомии ҳизб аз болотарин нуқтаи ҳирам то поинтарини он буд.
Ин ба Ҳизбуллоҳ иҷоза дод, ҳузури асаргузори худро бо вуҷӯди аз даст додани бисёре аз фармондеҳони аршад ва дар раъси онҳо дабири кулли фақиди худ, Саидҳасан Насруллоҳ ҳифз кунад ва ба ҳамалоти мушакӣ ва ракетии худ идома диҳад ва ҳатто онҳоро ташдид кунад.
Мудирияти таслеҳоти боқимонда ва ба кор бурдани муассири он дар майдон ва дар канори эҷоди як шабакаи иртиботии ҷадид байни кадрҳои фармондеҳӣ ва майдон, бартарии фанноварии режими саҳюнистиро на танҳо ба чолиш кашид, балки хунсо карду Исроилро водор кард, бовуҷуди касби ҳамаи «дастовардҳое», ки муддаии таҳаққуқи онҳо буд, хостори оташбас шавад.
Аммо натоиҷи ҳамаи талошҳои Исроил барои нуфузи заминӣ ба ҷануби Лубнон дар муқоиса бо теъдоди неруҳои ба кор гирифта шуда (байни 50 то 70 ҳазор низомии исроилӣ) ва шиддати оташу вайронии ба кор рафта бисёр маҳдӯд буду размандагони муқовимат тавонистанд, низомиёни исроилиро аз пешравии заминӣ боздорнду кантроли оташи худ бар неруҳои зиреҳӣ, аз ҷумла танкҳои Исроил таҳмил кунанд ва хеле зуд Исроилро аз бими аз даст додани беш аз пеши таслеҳоти зиреҳӣ, силоҳи танкро аз майдон хориҷ кунад.
Теъдоди танкҳои мунҳадим шуда тавассути муқовимат, ки дар муддати 57 рӯзи рӯёрӯӣ 59 танк буд, муайиди ин аст, ки Исроил бовуҷуди ҳамаи талошҳо, тавонмандиҳо ва дониши фаннии дар ихтиёр натавонист, ба натоиҷи мавриди назараш даст ёбаду таҳаррукоти размандагони муқовимат дар рӯстои хатти мақдами рӯёрӯиро мутаваққиф кунад.