Чӣ гуна Натаняҳу дар заъифтарин шароити мумкин қарор гирифт?
Порс тудей - Таҳлилгарони масоили режими саҳюнистӣ муътақиданд, Бинямин Натаняҳу, нахуствазири ин режим дар заъифтарин шароити мумкин қарор дорад ва мехоҳад афкори умумиро дар хусӯси тавофуқе қонеъ кунад, ки худаш онро қабул надорад.
Коршиносону таҳлилгарони масоили режим саҳюнистӣ муътақиданд, ки Бинямин Натаняҳ дар ҳоле талош дорад афкори умумии саҳюнистҳоро нисбат ба рӯйкарди мусбати оташбасу табодули усаро қонеъ кунад, ки ба назар мерасад, худаш эътиқоде ба ин иттифоқ надорад.
Ба гузориши Порс тудей, Тамер Ал-Масҳал, рӯзноманигору таҳлилгари масоили режими саҳюнистӣ мегуяд, ки режими саҳюнистӣ бо адами эҷод оромиши майдонӣ ду рӯз қабл аз иҷрои тавофуқ монеъ аз фаъолияти муқовимат барои иҷрои марҳалаи аввали табодул шуда буд.
Вай тасреҳ кард, ки марҳалаи аввали табодул шомили озодии 33 асири саҳюнист аст, ки ба тартиби авлавият, занони ғайринизомӣ ва занони низомӣ ва мардону ҷинозаи фавт шудаҳоро шомил мешавад. Дар муқобил ҳар асири зани саҳюнист бояд 30 асири зани фаластинӣ озод шаванд ва дар баробар ҳар асири зани низомӣ бояд 30 асири зани фаластинӣ ва 20 тан аз усарои бо маҳкӯмияти боло озод шаванд.
Ал Масҳол мегуяд, ки муқовимат бо иддеаи табодули пайкари усарои фавтшуда мухолифат карда ва ҷинозаи усарои саҳюнистро дар изои озодии тамомии занону кӯдакони боздошт шуда баъд аз ҳафтуми октябри 2023 таҳвил медиҳад.
Маҳанд Мустафо, коршиноси масоили режими саҳюнистӣ низ муътақид аст, ки ба назар мерасад, Натаняҳу аз замони вуруд ба дунёи сиёсат дар заъифтарину шиканандатарин шароити худ қарор дорад.
Мустафо меафзояд: Натаняҳу дар суханронии худ бисёр заъиф зоҳир шуд ва талош мекард, афкори умумии саҳюнистро ба пазируфтани тавофуқе қонеъ кунад, ки ҳама медонанд, худаш онро қабул надорад ва ба иллати фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ маҷбур ба пазириши он шудааст.
Саид Зиёд, дигар коршиноси масоили сиёсӣ муътақид аст, ки Натаняҳу наметавонад поёни ҷанг дар Ғаззаро эълом кунад, чаро ки ин кор боис мешавад дар додгоҳ гирифтор шавад.
Пас аз кашу қавсҳои фаровон, рӯзи якшанбе тавофуқи оташбас миёни режими саҳюнистӣ ва ҷунбиши Ҳамос пас аз понздаҳи моҳи ҷиноёту наслкушии ин режим иҷроӣ шуд. Тавофуқе, ки сарони режими саҳюнистӣ аз он ба унвони шикаст дар баробари неруҳои муқовимат ёд карданд.