Тавофуқе, ки муттаҳидони Натанёҳуро хашмгин ва сардаргум кард
Порстудей-Шабакаи CNN таҳлил кард, тасвибb тавофуқb оташбасb ахир барои ҷанги Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ шикофҳои амиқе дар дохили ин режимро, ки метавонанд ҳам оташбас ва ҳам ояндаи сиёсии Бинёмин Натанёҳуро таҳдид кунанд, аён кардааст.
Дар ҳоле, ки бархе аз вазирони кабинаи режими саҳюнистӣ аз ҷумла Итамар бен Гойер-вазири амнияти дохилии кабинаи ин режим ба шиддат бо тавофуқ бо Ҳамос мухолифат карда ва ҳатто бен Гойер аз кабина канорагирӣ кардааст, аммо Гидеон Саар-вазири хориҷаи ин режим эътироф карда, ки онҳо ба аҳдофи ҷанг даст наёфтаанд ва ногузир ба тавофуқ шудаанд. Ба гузориши Порстудей, шабакаи CNN дар таҳлиле аз сӯи Мик Криуир, таҳлилгари ин шабака менависад: «Нагузоред инки Исроил оташбас дар Ғаззаро тасвиб карда шуморо фиреб диҳад: дар дохили сиёсати Исроил ихтилофоти амиқе вуҷуд доранд, ки метавонанд тадовум ин тавофуқро таҳдид кунанд.»
Дар ин таҳлил омадааст: Натанёҳу дар ҳоле ҳамакунун ба тавофуқи оташбас тан дар дода, ки дар феврали соли гузаштаи мелодӣ дар қиболи як тавофуқи мушобеҳ иддао карда буд: «Мо мутааҳҳид ба ҳеҷ як аз хостаҳои хаёлии Ҳамос нашудаем. Ман ба Антони Блинкен (вазири умури хориҷаи Амрико) гуфтам, ки мо тақрибан наздик ба пирӯзии комил ҳастем.»
Ин мавзеъи ӯ нишондиҳандаи ин аст, ки режими саҳюнистӣ дар ҳоле тавофуқи оташбаси феълиро тасвиб карда, ки ба ҳеҷ як аз аҳдофи худаш дар ҷанги Ғазза даст наёфтааст.
Таҳлилгари CNN ошкоро ба ин мавзӯъ иқрор карда ва навиштааст: «Тавофуқи пешниҳоде, ки ӯ (Натанёҳу) аз он интиқод кард, шомили як оташбаси чандмарҳилае, хориҷсозии марҳилабандишудаи сарбозони исроилӣ ва озодии садҳо асири фаластинӣ буд. Инҳо дақиқан ҳамон чизҳое ҳастанд, ки ҳоло Натанёҳу қабул кардааст.
Ҳарчанд, ки Ҳамос заъиф шуда, аммо Исроил ба он "пирузии комил",и ки Натанёҳу аз хеле вақт қабл қавлашро дода буд, даст наёфтааст.»
Таҳлилгари CNN дар идома навишт: Муттаҳидони ифротии Натанёҳу дар кабина аз ин ақибнишинии ногаҳонии ӯ аз мавозеъаш сардаргум шудаанд.
Итамар бен Гойер, вазири амнияти дохилии кабинаи режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба тавофуқи оташбас эълом кард: Ман кабинаро тарк хоҳам кард чун тавофуқе, ки имзо шуда фоҷеабор аст.»
Таҳлилгари CNN навиштааст: Итамар бен Гойер гуфтааст, ки агар ин тавофуқ бар сарb оташбас ва озодии гаравгонҳо ба иҷро дар ояд ҳизби ӯ машҳур ба ҳизби "Қудрати яҳуд" аз иътилоф бо Натанёҳу дар кабина хориҷ хоҳад шуд. Хурӯҷи ӯ ба худии худ барои сарнагун сохтани кабинаи Натанёҳу кофӣ нахоҳад буд.
Аммо ончи метавонад кабинаро сарнагун кунад ин аст, ки Бутслъил Исмутрич, вазири дороӣ низ ба бин Гойер ба манзури тарки эътилофи Натанёҳу ҳамроҳ шавад. Исмутрич, ки ҳамчунин як миллигарои ростгарои ифротӣ аст мехоҳад мутмаин шавад, ки сулҳ дар Ғазза доимӣ набошад ва инки Исроил пас аз итмоми оташбаси 42 рӯзае, ки қарор аст ба озодии 33 гаравгон мунҷар шавад, ба ҷанг бозгардад.»