Раиси ҷумҳури Ироқ: Туркия аз дахолат дар Ироқ даст бардорад
Абдуллатиф Рашид-раиси ҷумҳури Ироқ аз Туркия хост ба дахолат дар Ироқ поён диҳад.
Раиси ҷумҳури Ироқ бо интиқод аз дахолатҳои Туркия дар умури Ироқ гуфт: "Мутассифона нируҳои Туркия дар минтақаи Курдистон ҳамчунон дар умури мо дахолат мекунанд. Мо аз Туркия мехоҳем ба ин дахолат поён диҳад."
Ба гузориши Порстудей, Абдуллатиф Рашид дар мусоҳиба бо расонаи амрикоии Блумберг, бо таъкид бар инки Ироқ як кишвари мустақил аст, афзуд: Бағдод ба ҳеҷ кишваре иҷоза нахоҳад дод ҳокимияти Ироқро заъиф кунад.
Туркия муддатҳост ба баҳонаи муқобила бо унсурҳои Ҳизби Коргарони Курдистони Туркия (ПКК), ки дар феҳристи террористии ин кишвар қарор дорад, тамомияти сарзаминии Ироқро поймол мекунад. Бағдод борҳо ҳамлаҳои Туркия ба шимоли Ироқро намунаи ишғолгарӣ хондааст.
Раиси ҷумҳури Ироқ дар ин мусоҳиба ҳамчунин Эронро як ҳамсояи бузург ва муҳим барои Ироқ донист ва гуфт: Равобити Бағдод ва Теҳрон дӯстона аст.
Вай идома дод: Мардуми Эрон ва Ироқ аз назари иҷтимоӣ, динӣ ва ҳатто хонаводагӣ бо якдигар иртибот доранд.