Яман осмон ва дарёро барои Исроил хатарнок кардааст | Амалиётҳои ҳафтаи ахир
(last modified Mon, 14 Apr 2025 05:22:02 GMT )
Апрел 14, 2025 10:22 Asia/Dushanbe
  • Яман осмон ва дарёро барои Исроил хатарнок кардааст | Амалиётҳои ҳафтаи ахир
    Яман осмон ва дарёро барои Исроил хатарнок кардааст | Амалиётҳои ҳафтаи ахир

Порс тудей - Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман шаби якшанбе аз амалиёти вижаи низомӣ бо мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин алайҳи ҳадафҳои режими саҳюнистӣ хабар дод.

Дар як ҳафтаи гузашта нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо анҷоми амалиёти ҳадафмандона ва дақиқ ба режими саҳюнистӣ зарбаҳои қобили мулоҳиза заданд. Ба гузориши Порс тудей ин иқдомот, ки ба хотири ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва муқовимат бо таҷовузи Исроил сурат гирифтаанд, бори дигар тавоноии низомӣ ва азми қатъии яманиҳоро намоиш дод.

Бар асоси гузоришҳои нашршуда, ягони мушакӣ ва бесарнишини артиши Яман дар чанд амалиёти муваффақ пойгоҳҳои низомӣ ва таъсисоти ҳассоси режими саҳюнистиро ҳадаф қарор додааст. Рӯзи якшанбе Яҳё Сариъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки ба пойгоҳи Судат Миха дар минтақаи ишғолшудаи Ашдод бо истифода аз як мушаки гиперсонии "Фаластин 2" ҳамла шудааст. Ин пойгоҳ яке аз марказҳои калидии низомии Исроил маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, як мушаки "Зулфиқаҳор" фурудгоҳи байналмилалии Бен Гурион дар Тел-Авивро ҳадаф қарор дод, ки боиси ихтилолоти густурдаи фаъолияти фурудгоҳ шуд.

Илова бар ин, воҳиди ҳавопаймоҳои бесарнишини яманӣ алайҳи як ҳадафи ҳаётан муҳим дар минтақаи Ашкелон амалиёт анҷом дод, ки ба гуфтаи манобеъи яманӣ, ҳадафро бо дақиқии баланд ҳадаф қарор додааст. Ин ҳамлаҳо, ки дар вокуниш ба идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва дарёи Ғарбӣ сурат гирифт, воҳима ва ошуфтагии мақомоти Исроилро ба бор овард. Расонаҳои ибрӣ гузориш доданд, ки ожирҳои хатар дар беш аз 300 шаҳр, аз ҷумла Байтулмуқаддас ва Тел-Авив садо доданд ва талошҳо барои боздошти мушакҳои Яман идома доранд.

Аз суи дигар, нерӯҳои мусаллаҳи Яман низ осмонро барои режими саҳюнистӣ ноамн кардаанд. Дар ҳамин росто нерӯҳои Яман субҳи рӯзи шанбе бо ҳадаф қарор додани мавқеъҳои Исроил дар минтақаи ишғолшудаи Ёфо тавони амалиётии худро ба душман намоиш доданд. Ин ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки бо ҳамоҳангии дақиқ ва истифода аз фанновариҳои пешрафта анҷом шуд, бори дигар нишон дод, ки режими саҳюнистӣ дар баробари иродаи муқовимат осебпазир аст.

Муқовимати Яман таъкид мекунад, ки амалиёт то қатъи комили таҷовузи Исроил ва лағви муҳосираи Ғазза идома хоҳад кард. Ин амалҳои яманӣ ба режими саҳюнистӣ натанҳо аз лиҳози низомӣ, балки аз лиҳози сиёсӣ ва равонӣ низ зарбаи сангин зад. Афзоиши ҳамлаҳои Яман дар баробари нокомиҳои Исроил дар ҷабҳаҳои мухталиф, мавқеъи режими ин кишварро дар минтақа боз ҳам заиф кардааст.