Марги ширхорон бо сӯъи тағзия؛ Идомаи кӯдакушиҳои режими фашистӣ Исроил
(last modified Thu, 01 May 2025 08:40:22 GMT )
Май 01, 2025 13:40 Asia/Dushanbe
  • Марги ширхорон бо сӯъи тағзия؛ Идомаи кӯдакушиҳои режими фашистӣ Исроил
    Марги ширхорон бо сӯъи тағзия؛ Идомаи кӯдакушиҳои режими фашистӣ Исроил

Порс тудей-раиси бахши кӯдакони беморисони Носир дар ҷануби Ғазза дарбораи бисёр сахт шудани сӯъи тағзия миёни кӯдакони ин Борика ва хатаре, ки ҷонӣ ҳазорон кӯдакро ба иллати сиёсатҳои фашистии режими сааҳюнистӣ таҳдид мекунад, ҳушдор дод.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Ирно , « Аҳмад Ал-Фарра » раиси бахши кӯдакони бемористони Носир таъкид кард : Авзоъи беҳдоштӣ ба марҳалаи ногуворӣ расидааст ки ҷони ҳазорон кӯдакро дар сояи фурӯпошии бе собиқа системаи ғизоӣ ва беҳдоштиро таҳдид мекунад .

Ал-Фарра гуфт : Борикаи Ғазза бо буҳрони беҳдоштии хатарнокии рӯ ба рӯ аст ва мавориди сӯъи тағзияи шадиди миёни кӯдакон тайи ҳафтаҳои ахир шиддат ёфтааст .

Раиси бахши кӯдакони бемористони Носири афзӯд : Гузоришҳои беҳдоштӣ аз ҷон бохтан беш аз 52 кӯдак ба иллати гуруснагӣ ва сӯъи тағзия аз замони шурӯи ҷанг ҳикоят дорад ва ин дар ҳолеаст ки гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳокӣ аз онаст ки 2 миллиону 400 ҳазор нафар дар Ғазза аз хатари гуруснагӣ ранҷ мебаранд ва ин бо вахомати сариъи авзоъ инсонӣ аст .

Ал-Фарра таъкид кард : Ширхорон бештарин осебро мебинанд зеро ба таври куллӣ ба шири модарони худ вобаста ҳастанд ва бо тавваҷуҳ ба сӯъи тағзияи модарон , ҷони кӯдак дар маърази хатар қарор мегирад ; Ба вижа ки шери хушк ҳам кам пайдо мешаваду қимати он низ дар бозои сарсом овараст .

Раиси бахши кӯдакони бемористони Носир дар ҷануби Ғазза , дахолати фаврии Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои беҳдоштӣ ва умӯри башардӯстонаро барои наҷоти ҷони кӯдакон дар Ғазза хостор шуд ва гуфт : Авзоъи фоҷеъабори Борикаи Ғазза таҳарруки фаврӣ барои наҷоти ҷонҳоро қабл аз инки замон аз даст баравад , металабад .

Аз замони оғози марҳалаи ҷадиди таҷовузҳо ба Борикаи Ғазза аз 18 марти 2025 то кунун 2 ҳазору 151 нафаи шаҳид ва 5 ҳазору 598 нафар маҷрӯҳ шуданд .

Бо эҳтисоби ин шуҳадо , шумори шуҳадои Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 токунӯн ба 52 ҳазору 243 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба яксаду 17 ҳазору 639 нафар расидааст .