Январ 17, 2017 15:23 Asia/Dushanbe
  • Боздошти гумонбари аслии ҳамлаи террористии Истамбул

Расонаҳои Туркия бомдоди сешанбе гузориш доданд, ки мазнуни ҳамлаи маргбори клуби шабонаи “Рейна” дар Истамбул боздошт шудааст.

Ба гузориши ИРНА, омили ҳамлаи террористии клуби шабонаи “Рейна” дар яке аз маҳаллаҳои Истамбул дастгир шудааст.

Пеш аз ин рӯзномаи “Ҳуррият”-и Туркия навишта буд, ки омили ҳамлаи маргбори Истамбул як тундрави ӯзбак ва аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ будааст.

Террористе, ки иддао мешавад аз Осиёи Марказӣ ба Туркия омадааст, дар аввалин соати соли нав бо аслиҳаи “Калашников” вориди клуби шабонаи “Рейна” шуд ва 39 танро кушт ва 65 нафарро захмӣ кард. 27 тан аз ин кушташудагон гардишгарони хориҷӣ, ба вижа атбои кишварҳои арабии минтақа буданд.