Ҳамлаи муштараки режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Яман/ Ансоруллоҳ: Посух медиҳем
-
Ҳамлаи муштараки режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Яман/ Ансоруллоҳ: Посух медиҳем
Порс-Тудей. Ҷангандаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ душанбешаб бандари Ҳудайда, дар ғарби Яманро бомбаборон карданд.
Дар идомаи таҷовузҳои хориҷӣ ба хоки Яман, манобеи яманӣ душанбешаб аз ҳамлаи низомии муштараки Амрико ва режими саҳюнистӣ ба бандари муҳими Ҳудайда дар ғарби Яман хабар доданд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар ин ҷиноят дастикам 2 ғайринизомӣ кушта ва 42 нафари дигар захмӣ шуданд.
Муовини бахши расонаии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо маҳкум кардани ин ҳамла гуфт, ки яманиҳо қатъан ба ин ҷиноят посух хоҳанд дод.
Насриддин Омир, муовини бахши расонаии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар ин хусус гуфт: Мо ба бомбаборони режими саҳюнистӣ посух медиҳем ва муҳосираи дарёӣ ва ҳавоиро лағв нахоҳем кард, балки ба амалиёти низомии худ дар ҳимоят аз борикаи Ғазза идома хоҳем дод.
Муҳаммад Ал-Бахити, узви Шӯрои сиёсии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ҳам изҳор дошт, амалиёти яманиҳо дар дифоъ аз Ғазза ташдид мешавад, ҳатто агар баҳояш сангин бошад.
Дар ҳамин ҳол Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон душанбешаб бо маҳкум кардани таҷовузи низомии Амрико ва режими саҳюнистӣ ба бандари Ҳудайда ва дигар зерсохтҳои Яман, ин ҳамларо ҷинояте ошкору нақзи фоҳиши усулу қавоиди ҳуқуқи байналмилал тавсиф кард.
Ҷунбишҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳамос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин ҳам тайи баёнияҳое ҷудогона, таҷовузи режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Яманро шадидан маҳкум карданд.
Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе зимни тамҷид аз раҳбарии шуҷои Яман, ҳамбастагии комили худро бо миллати ин кишвар эълом кард ва аз ҳамаи давлатҳои озоду миллатҳои бедор хост то ин таҷовузро маҳкум карда ва ҷаҳони арабу Исломро ба иқдоми фаврӣ дар баробари зиёдахоҳии Амрико ва режими саҳюнистӣ фаро хонад.
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) низ дар баёнияе эълом кард, ки режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба Яман ба дунболи тармими чеҳраи махдуши худ аст.
Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ҳам дар баёнияе эълом кард, ки ҳамалоти душанбешаб ба бандари Ҳудайдаи Яман нишонаи силии дардноке аст, ки саҳюнистҳо аз миллати Яман хӯрдаанд.
Гузориши канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, ки ҷангандаҳои ин режим дар ҷараёни ҳамлаи душанбешаб ба Яман 48 бомба бар сари мардуми он рехтанд.
Рӯзномаи саҳюнистии «Исроил алявм» ҳам ба нақл аз як манбаи амниятии Исроил эълом кард, 30 ҳавопаймо, илова бар ҳамалоти Амрико, ба бандари Ҳудайда ҳамла карданд. Бар асоси эъломи ин расонаи саҳюнистӣ ҳамла ба Яман дар 8 марҳала анҷом шуд.