Ифшои ду тарҳи режими саҳюнистӣ дар бораи Ғазза
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i119998-Ифшои_ду_тарҳи_режими_саҳюнистӣ_дар_бораи_Ғазза
Расонаҳои Амрико ду тарҳи режими саҳюнистиро барои ишғоли комили Ғазза ва ҳаминтавр хориҷ кардани ихтиёри кумакрасонӣ ба мардуми Ғазза аз дасти Созмони милалро ифшо карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Май 07, 2025 14:06 Asia/Dushanbe

Расонаҳои Амрико ду тарҳи режими саҳюнистиро барои ишғоли комили Ғазза ва ҳаминтавр хориҷ кардани ихтиёри кумакрасонӣ ба мардуми Ғазза аз дасти Созмони милалро ифшо карданд.

Ба гузориши сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва симо аз Ню-Йорк, рӯзномаи Вашингтон Пост навишт: мақомоти Исроил дар бораи гузинаи тасарруфи комили Ғазза, ки ба ҳаддиақал 60 ҳазор низомӣ ниёз дорад, моҳҳо баҳс кардаанд. Аммо бархе аз фармондеҳони низомиашон бо ин нақша, мухолифат ва эълом карданд, ки низомиёни Исроил фоқиди неруи лозим барои ишғолу кантроли тамоми Ғазза аст.