Инфиҷорҳои шадиди ҳосил аз зарбаи мушакҳои Эрон дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ
(last modified Tue, 24 Jun 2025 04:44:03 GMT )
Июн 24, 2025 09:44 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷорҳои шадиди ҳосил аз зарбаи мушакҳои Эрон дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ
    Инфиҷорҳои шадиди ҳосил аз зарбаи мушакҳои Эрон дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ

Порс-Тудей. Инфиҷорҳои шадиди ҳосил аз исобати мушакҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ҷануби сарзаминҳои ишғолиро ба ларза даровард.

Пас аз даври ҷадиди партоби мушакҳои эронӣ, ожирҳои ҳушдори хатар дар марказу ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ба садо даромад ва инфиҷорҳои шадиди ҳосил аз исобати ин мушакҳо, ҷануби ин манотиқро ларзонд.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Ирна, шабакаи Алҷазира эълом кард, ки ожирҳои ҳушдори хатар чандин бор дар минтақаи Тел-Авив ва шаҳракҳои доманаи ғарбии Каронаи Бохтарӣ ба садо даромаданд ва ҳавопаймоҳое, ки дар масири фуруд дар Тел-Авив буданд, бо тағйири масири худ баргаштанд.

Расонаҳои Лубнон низ гузориш доданд, ки дар посух ба ҳамалоти бомдоди рӯзи сешанбеи режими саҳюнистӣ ба манотиқе аз Теҳрон ва шимоли Эрон, мушакҳои Эрон ба аҳдофе дар шаҳракҳои саҳюнистнишин дар Баир-ус-Сабаъ исобат кард.

Шабакаи Алъаҳд низ ба нақл аз расонаҳои душмани саҳюнистӣ афзуд, ки як сохтмони ҳафттабақа дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ бар асари исобати мустақими мушакҳои Эрон ҳадаф қарор гирифт ва ба таври комил фурӯ рехт.

Хабаргузории Қудс- Пресс низ гузориш дод, ки пас аз исобати мушакҳои Эрон, вайронии густардае дар шаҳри Баир-ус-сабаъ, дар ҷануби сарзаминҳои ишғолии Фаластин ба вуҷуд омад.

Шабакаи Алҷазира низ афзуд, ки ҳаҷми вайронӣ дар Баир-ус-Сабаъ дар пайи исобати мушакҳои эронӣ бесобиқа аст. Ин шабака ҳамчунин ба нақл аз уржонси режими саҳюнистӣ аз захмӣ шудани шумори зиёде аз саҳюнистҳо бар асари исобати мушакҳои Эрон ба ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

Аз сӯи дигар, расонаҳои режим аз кушта шудани дастикам шаш шаҳракнишини саҳюнист дар ҷадидтарин мавҷи ҳамалоти мушакии Эрон хабар доданд.

Режими саҳюнистӣ бомдоди ҷумъаи 13 июн, бо нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва ҳокимияти миллии Эрон, манотиқе дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигарро ҳадафи ҳамлаи низомӣ қарор дод. Дар ҷараёни ин ҳамла, шуморе аз фармондеҳони низомӣ, донишмандон ва шаҳрвандони ғайринизомӣ ба шаҳодат расиданд. Дар пайи ин иқдом, неруҳои низомии Эрон амалиёти Ваъдаи содиқи  3-ро алайҳи ин режим оғоз карданд.