Январ 18, 2017 16:02 Asia/Dushanbe
  • Идомаи бомборони шадиди Яман тавассути ҷангандаҳои Саудӣ

Арабистони Саудӣ бидуни таваҷҷуҳ ба ҳушдорҳои ниҳодҳои байналмилалӣ дар бораи бурузи фоҷиаи инсонӣ бомборони манотиқи мухталифи Яманро идома медиҳад.

Манотиқи мухталифи Яман бори дигар шоҳиди бомборони ҳавопаймоҳои Саудӣ буд. Дар ҳамлаҳои пай дар пайи ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ ба вилояти Таъиз, воқеъ дар ҷанубу ғарби Яман 10 ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Дар бомборонҳои минтақаи маскунии шаҳри Ҳайдон, дар вилояти Саъда ва Ҳадидаи Яман низ 9 тан кушта шудааст. Дастикам шаш нафар дар ҳамалоти ҳавопаймоҳои Саудӣ ба бозоре дар вилояти Саъда, шимоли Яман кушта шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки бахшҳое аз ноҳияи Сирвоҳи вилояти Маъриб, маркази Яман низ чанд бор тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ бомборон шудааст.

Дар ҳоле ки ҳамалоти беисти ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ идома дорад, Ҷейми Мак-Голдрик, ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар Яман аз ниёзи 19 миллион яманӣ ба кӯмакҳои инсондӯстона хабар дод. Ҷейми Мак-Голдрик бо ишора ба рӯ ба рӯ шудани 3 миллиону 300 ҳазор кӯдаку зан ба камбуди ғизо дар Яман гуфт, кӯмакҳои башардӯстонае, ки ба Яман фиристода мешавад, кофӣ нест, зеро идомаи ҳамалаҳои низомии Арабистон ба Яман монеи расондани кӯмакҳо ба манотиқи ҷангзда мешавад. Ҷейми Мак-Голдрик ҳамчунин эълом кард, омори кушта ва захмиҳои ҳамалоти 22 моҳи гузаштаи эътилофи арабӣ бо раҳбарии Арабистон ба Яман ба беш аз 50 ҳазор кушта ва захмӣ расидааст. Дар ҳамин ҳол, бинобар эъломи масъулони Яман, дар идомаи бомборони вилояти Саъда аз сӯйи артиши мутаҷовизи Саудӣ бо истифода аз силоҳҳои истифодаашон дар ҷанг мамнӯъ беш аз як миллион нафар танҳо дар ин вилоят аз соддатарин имконоти беҳдоштию дармонӣ маҳрум ҳастанд.

Нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман низ дар вилояти Шабва, ҷануби Яман зимни ҷилавгирӣ аз пешравии муздурони Оли Сауд даҳҳо муздурро кушта ва захмӣ карданд. Дар ин росто шабакаи хабарии “ал-Масира” гузориш дод, ки муздурони Оли Сауд дирӯз, душанбе дар садади пешравӣ ба самти минтақаи Асилони вилояти ҷанубии Шабва буданд, ки бо муқовимати нерӯҳои Яман мувоҷеҳ шуданд ва 37 муздури Саудӣ ба дасти нерӯҳои Яман кушта ва 23 тани дигар захмӣ шуд. Ҳамчунин артиши Яман дар соҳили ал-Мухаъ, дар Таъиз низ киштиҳои ҷангии мутаҷовизи Арабистони Саудиро ҳадаф қарор дод.

Арабистон 26 марти соли 2015 ҳамалоти худро алайҳи Яман оғоз кард. Агарчи Оли Сауд муддаии ташкил кардани эътилофе бо ҳузури 10 кишвар дар ҷанг алайҳи Яман шуд, аммо Аморот ва Қатар муттаҳидони аслии Оли Сауд дар ин ҷанг ҳастанд. Ҳукумати Оли Сауд то кунун ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ дар ин ҷанг, аз ҷумла баргардонидани Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат даст наёфтааст. Дар ҳоле 22 моҳ аз ин ҷанг сипарӣ мегардад, ки Яман фақиртарин кишвари арабии Ховари Миёна маҳсуб мешавад.