Сарнавишти Ғазза дар ҳафтае сарнавиштсоз: Оташбас ё таваҳҳуми ишғоли комил?
-
Сарнавишти Ғазза дар ҳафтае сарнавиштсоз: Оташбас ё таваҳҳуми ишғоли комил?
Порс-Тудей. Ҳамзамон бо ҳамалоти тӯпхонаӣ ва бомбаборони сангини манотиқи мухталифи Ғазза, ба вижа Хон Юнус, бархе ахбор аз нишонаҳои барқарории оташбас ҳикоят дорад.
Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз ИРНА, дар яксаду чаҳорумин рӯзи азсаргирии ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, артиши ишғолгар даст ба тахриби густардаи сохтмонҳои маскунӣ дар шарқи шаҳри Хон Юнус дар ҷануби ин минтақа зад.
Ҳамзамон манобеи бемористонӣ дар Ғазза аз шаҳодати дастикам 60 фаластинӣ бар асари бомбаборони сооти гузаштаи манотиқи мухталиф хабар доданд, ки бист нафар дар ду ҳамла ба маҳаллаи Алтифоҳ дар шарқи шаҳри Ғазза шаҳид шуданд.
Манобеи фаластинӣ низ аз шаҳодати ду кӯдак бар асари бомбаборони манзилӣ дар маҳаллаи Аззайтун, дар ҷануби шаҳри Ғазза, гулӯлаборони Ҷиболиё дар шимоли Ғазза аз сӯи тӯпхонаи режими саҳюнистӣ ва оташи сангини низомиёни ин режим дар ин минтақа хабар доданд.
Ба гуфтаи ин манобеъ, Хон Юнус дар ҷануби Ғазза омоҷи ҳамалоти ҳавоии дадманишонаи режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, манобеи фаластинӣ аз тахриби сохтмонҳо дар шарқи Ҷиболиё, дар шимоли Ғазза ба дасти ишғолгарон хабар доданд. Ҳамзамон паҳподи исроилӣ урдӯгоҳи оворагон дар ғарби шаҳри Хон Юнусро ҳадаф қарор дод, ки бар асари он панҷ нафар, аз ҷумла як кӯдак ва ду зан ба шаҳодат расиданд.
Аз сӯи дигар, дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Ғазза эълом кард, ки шумори кӯдаконе, ки бар асари сӯитағзия ба шаҳодат расидаанд, ба 66 нафар афзоиш пайдо кардааст. Вазорати беҳдошти Ғазза низ аз вуҷуди ҳазорон кӯдаки гурусна ба иллати мамониати ишғолгарон бо вуруди кумакҳо ба Ғазза хабар дод.
Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раиси Ҷумҳурии Амрико аз тавофуқи эҳтимолии оташбас тайи рӯзҳои оянда хабар додааст.
Расонаи саҳюнистии «Едиот Аҳронот» низ гузориш дод, ки баровардҳо баёнгари он аст, ки Трамп ба дунболи поён додани фаврии ҷанги Ғазза аст.
Канали 12 телевизиони Исроил низ ба нақл аз як масъули амрикоӣ эълом кард: «Мо бо шуракоямон ба дунболи барқарории оташбас дар Ғазза, ҳамзамон бо расидани Натанёҳу ба Вашингтон ҳастем. Натанёҳу имрӯз - якшанбе нишасти амниятии маҳрамона баргузор мекунад ва ба дунболи он нишаст кабинаи амниятӣ баргузор хоҳад шуд.
Ин расона ҳамчунин аз ҳафтаи сарнавиштсоз дар Ғазза хабар дод ва эълом кард, ки артиши Исроил дар ҷаласаи имрӯз дар бораи гузинаҳои мавриди баррасӣ тасмим хоҳад гирифт, аз ҷумлаи гузинаҳо, ишғоли комили Ғазза ё расидан ба тавофуқи оташбас аст.
Ҳамзамон шаҳракнишинон дар Қудс ва Тел-Авив бо баргузории тазоҳурот хостори бозгардондани ҳамаи асирону таваққуфи ҷанг шуданд. Манобеи саҳюнистӣ аз дудастагӣ миёни саҳюнистҳо дар заминаи идомаи ҷанг ё таваққуфи он хабар доданд.