Январ 18, 2017 18:07 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Сурия бо ҳузури Арабистон ва Қатар дар нишасти Остона

Муовини вазири умури хориҷаи Сурия дар бораи мушорикати Арабистон ва Қатар дар нишасти Остона гуфт, ҳомиёни терроризм ва касоне, ки ба тақвият ва таҷҳизи террористҳо мепардозанд, ҷое дар нишасти Остона надоранд.

Файсал Алмақдод, муовини вазири умури хориҷаи Сурия рӯзи чаҳоршанбе дар суҳбат бо шабакаи телевизионии лубнонии Алмаёдин афзуд: Касоне, ки мехоҳанд, дар нишасти гуфтугӯҳои сурӣ-сурӣ дар Остона мушорикат кунанд, бояд ба сиёдати Сурия эҳтиром бигузоранд, бо терроризм ба мубориза бипардозанд ва таҳримҳоро зидди Сурия лағв кунанд.

Алмақдод тасреҳ кард, Вашингтон низ бояд садоқати худро дар қиболи роҳи ҳалҳои матраҳшуда нишон диҳад ва аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ҳимоят накунад ва Туркияро таҳти фишор қарор диҳад, то марзҳои худро бо Сурия барои ҷилавгирӣ аз вуруди террористҳо бубандад.

Гуфтугӯҳоӣ сурӣ-сурӣ 23 ва 24 январ бо назорати Русия, Туркия ва Эрон дар Остона, пойтахти Қазоқистон ва бо ҳадафи фароҳам кардани муқаддамоти ҳалли сиёсии буҳрони ин кишвар баргузор мешавад.

 

Барчасп