Чаро талафоти саҳюнистҳо дар ҷанги Ғазза афзоиш ёфтааст ?
(last modified Wed, 09 Jul 2025 09:09:48 GMT )
Июл 09, 2025 14:09 Asia/Dushanbe
  • Чаро талафоти саҳюнистҳо дар ҷанги Ғазза афзоиш ёфтааст ?

Порстудей - 4 далили асосӣ боиси афзоиши талафоти режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза бавижа таи ҳафтаҳои ахир шудааст .

Пойгоҳи хабарии шабакаи Алмаёдин рӯзи сешанбе дар мақолае навишт, ки аз замони оғози амалиёт « аробаҳои Гидеон » тавассути режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза , мизони талафоти ин режим то ҳадди бесобиқае афзоиш пайдо карда ва маҷмӯъае аз ҳамалоти неруҳои муқовимат дар манотиқи Хон Юнус ва Шуҷоъия таи ҳафтаҳои ахир шакл гирифтааст. Ба гузориши Порстудей, ин амалиётҳо ба вижа ҳалокати 16 низомии саҳюнист дар худрави зиреҳӣ дар Хон Юнус, ки чанде пеш анҷом шуд , бо ҷуръати зиёде анҷом шуд ва таи муддати тӯлонӣ идома хоҳад дошт, ки пеш аз таҷовузи дубораи режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар рӯзи 8 март шоҳиди он набудем .

Таи ҳафтаҳои ахир таҳаввули қобили таваҷҷӯҳе дар раванди даргириҳо дар Ғазза эҷод шуда ва бо вуҷуди сензураи густардаи режими саҳюнистӣ , воқеаҳои гуногуне дар арсаи амалиётӣ ва тактикӣ ба вуқуъ пайваста, ки боиси фурӯпошии низомиёни саҳюнист шудааст . Ин иттифоқот боис шуда бисёре аз онҳо нисбат ба идомаи ҷанг асабонӣ бошанд ва бархе низ аз ҳузур дар неруҳои захира худдорӣ биварзанд .

Дастёбӣ ба маводи мунфаҷира(таркандаи) нав
Яке аз ин таҳаввулот истифодаи гуруҳҳои муқовимат ба вижа гурдонҳои Қассом ва Қудс, аз навъҳои наве аз бомбаҳои дастисоз аст, ки бархе аз онҳо назири бомбаҳои « Шавоз » ва « Соқиб » дар замин кошта мешавад ва танкҳо ва нафарбарҳои сангини низомиёни душманро ҳадаф қарор медиҳад ва бархе низ « зидди нафар » аст ва хисоратҳои зиёде ба унсурҳои низомии душман, ки дар хориҷ аз танкҳо ва худравҳои худ ҳастанд , ворид мекунад . Ин таҳаввули муҳим як натиҷаи қобили тавваҷуҳ дорад ва он инки гуруҳҳои муқовимат ба миқдори зиёди маводи мунфаҷира бо қобилияти инфиҷори шадид даст пайдо кардаанд, ки пеш аз ин дар ихтиёр надоштаанд . Ба назар мерасад дастрасӣ ба ин маводи мунфаҷира, ки аз навъи « си 4 »аст , бо мусодираи маҳмӯлаҳои ихтисосдодашуда ба амалиёти тахрибии ҷосусону муздурон сурат гирифта ва муқовимат дар нуқоти кӯр ба ин маҳмӯлаҳо даст пайдо карда ва дар тавлиди насли наве аз бомбҳои худ аз ин мавод истифода мекунад . Бахши қобили таваҷҷӯҳе аз ин мавод дар тавлиди бомбаҳои зидди зреҳ ба кор гирифта мешавад ки қудрати болое дар нуфуз ба таҷҳизоти зиреҳии душмани саҳюнистӣ дорад .
Густариши тавони тактикии муқовимат барои анҷоми амалиёти мураккаб
Аз сӯи дигар ба назар мерасад тавонмандиҳои тактикии муқовимати Фаластин , ба вижа дар заминаи иҷрои ҳамлаҳои таркибӣ густариш пайдо карда ва онҳо дар манотиқи мухталиф аз ин навъи амалиёт истифода мекунанд.Ин ҳамалоти бештар бо инфиҷори бомбаҳои бо ҳаҷми бузург оғоз мешавад ва сипас марҳилаи даргириҳои мустақим бо мусалсалҳои мутавассит ва сабук анҷом мешавад . Камини Алаҳдӣ дар минтақаи Шуҷоъия, ки чанд рӯз пеш анҷом шуд , аз ҳамин навъ буд . Яке аз вижагиҳои муҳими каминҳои мураккаб ин аст, ки ба низомиёни душман иҷозаи истироҳат ё вокуниши муносибро намедиҳад ва онҳоро маҷбур ба гирифтани тасмимоти амалиётии иштибоҳ мекунад, ки дар бисёре аз мавридҳо боиси бурузи талафоти бештар мешавад .
Такрорӣ шудани тарҳҳои ҷангии режими Исроил
Сеюмин далили тактикӣ, ки аҳамияти он камтар аз мавридҳои гузашта нест , истифодаи артиши режими саҳюнистӣ аз тарҳҳои амалиётии такрорӣ аст ,ки боис шуда муқовимат ба барномаи ҳамалоти артиши Исроил ва хати сайри онҳо воқиф бошад ва бидонад, ки онҳо аз чи силоҳҳое истифода мекунанд .Тасвирҳои гуногуне нишон медиҳад, ки низомиёни саҳюнист дар замонҳои тӯлонӣ таҳти назорати неруҳои муқовимат қарор доранд . Дар сарзаминҳои ишғолӣ интиқодҳои тунде мутаваҷҷеҳи фармондиҳони низомии режими саҳюнистӣ шудааст ва онҳо артишу фармондеҳони низомиро ба ангеза надоштан барои мубориза ва дар ихтиёр надоштани тарҳҳои ҷангии тоза муттаҳам мекунанд. Ин мавзӯъ танҳо ба коҳиши рӯҳияи муборизотии афсарону низомиён барнамегардад , балки дар натиҷаи падидае ба номи « варшикастагии тактикӣ » эҷод шуда, ки ба иллати тӯлонӣ шудани ҷанг ба вуҷуд омадааст. Ин илова бар сархӯрдагӣ ва ноумедие аст, ки дар миёни теъдоди зиёде аз низомиёни саҳюнист дар Ғазза эҷод шудааст .

Истифодаи саҳюнистҳо аз таҷҳизоти аз рада хориҷшуда
Чаҳорумин таҳаввул дар хусӯси афзоиши талафоти режими саҳюнистӣ ин аст, ки артиши режими саҳюнистӣ дар иҷрои амалиёти худ аз бисёре аз таҷҳизот истифода мекунад ки таии солҳои гузаштаи онҳоро аз рада хориҷ карда буд . Ин мавзӯъ боиси афзоиши хисороту талафоти бархоста аз амалиёти неруҳои муқовимат шуда ва куштаҳову захмиҳои зиёде рӯйи дасти Исроил гузоштааст. Саҳюнистҳо ба вижа таи моҳҳои ахир ба сурати тақрибан комил аз танкҳо ва худравҳои зиреҳии қадимӣ ва корношоям истифода мекунанд, ки дар бисёре аз мавридҳо мавриди тахриби комил ё сӯхтан дар натиҷаи инфиҷор қарор мегиранд . Ин иттифоқ ба иллати камбуди таҷҳизот дар бахши зиреҳии артиши режими саҳюнистӣ аст, ки Иёл Зомир-раиси Ситоди артиши режими саҳюнистӣ низ дар ҳангоми будан дар ин мансаб ба он иқрор кард . Худравҳои зиреҳии « Бома » ва « Шизорит » ва «АМ 133 » ва танкҳои Меркава насли сеюм аз ҷумлаи ин таҷҳизот ҳастанд, ки солҳо пеш канор гузошта шуда буданд , аммо бори дигар ба арсаи даргириҳо оварда шуданд. Артиши Исроил дар истифода аз булдозерҳои ДИ 9 низ дучори камбуд шудааст ва ҳамин амр боис шуда аз таҷҳизот ва худруҳои зиреҳӣу танкҳоӣ бо амнияти камтар истифода кунад ва ба ин тартиби неруҳои муқовимат бо камтарини талош мумкин метавонанд ба ин таҷҳизот осеб бизананд .

Алмаёдин дар поён тасреҳ мекунад, ки сарфи назар аз музокироти оташбас, ки бисёре онро печида арзёбӣ мекунанд, афзоиши хароҷотҳои ҷанг барои артиши саҳюнистӣ осори равонии зиёдеБарчасп