Ишғоли комили Ғазза ё фоҷеъаи бузургтар аз Ветнам?
(last modified Thu, 10 Jul 2025 07:20:53 GMT )
Июл 10, 2025 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ишғоли комили Ғазза ё фоҷеъаи бузургтар аз Ветнам?
    Ишғоли комили Ғазза ё фоҷеъаи бузургтар аз Ветнам?

Порст тудей- Як таҳлилгари саҳюнист ҳушдор дод, ки ишғоли комили Ғазза хатои бузургтар аз хатои Амрико дар Ветнам хоҳад буд.

Интиқодҳо дар дохили Исроил аз идомаи ҷанг дар Ғазза шиддат гирифта аст ҷанге, ки ба гуфтаи таҳлилгарон ҳарчиқадаре, ки бештар меравад абъоди ҷадидтар аз шикасти низомиро барои Исроил рақам мезанад. Ба гузориши Порс тудей Надав Эйял таҳлилгари саҳюнист ҷанги Ғаззаро ба Ветнам ташбеҳ кард ва ҳушдор дод, ки ишғоли комили Ғазза метавонад хатои бузургтар аз хатои артиши Амрико дар ҷанги Ветнам бошад.

Эйял дар рузномаи саҳюнистӣ Ядъуд Аҳоронут навишт: Шиъорҳои монанди халъи силоҳи Ҳамос ё мумонеъат аз ҳокимияти он танҳо дар сурати қобили таҳақуқ аст, ки Ғазза ба таври комил ишғол шавад, аммо ин сенаря ба ақидаи у Исроилро вориди ботлоқи Ветнами бепоён хоҳад кард.

Вай бо таъкид бар ин ки муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" шикаст нахурда аст гуфт: Аз моҳи мрати гузашта то кунун 38 низомии исроилӣ кушта шуданд яъне ба таври миёнгин 10 нафар дар ҳар моҳ бешарин талафот дар моҳи июн рух дод, ки нишон медиҳад тавони размии Ҳамос коҳиш наёфта аст.

Эйял хотирнишон кард, ки ҳамалоти ахири Ҳамос дар фосилаи камтар аз ду километри аз ҳисори марзи дар минтақаи Байти Ҳонун рух доданд манотиқе, ки артиши Исроил онҳоро амн медонист у таъкид кард ки ин ҳамла шикасти комили роҳбурди мавсум ба ҳарими амниятиро нишон медиҳад.

У ҳамчунин тарҳи мавсум ба барномаи инсонии рафаҳро таваҳуми нав тавсиф карду афзуд: Чигуна мехоҳанд ду миллион фаластиниро ба ҷануби Ғазза куч диҳанд? Чи касе ҳазинаи зиндагии онҳоро таъмин хоҳад кард? Чигуна метавон монеъ аз бозгашти Ҳамос шуд? Ҳатто тароҳони ин барнома низ посухи равшани надоранд.

Дар ҳамин ҳол Арад Нир муҷри ва таҳлилгари шабакаи 12 телевизионии режими саҳюнистӣ бо интиқод аз сиёсатҳои кобинаи Бинямин Натаняҳу нахуствазири режим дар борикаи Ғазза гуфт: Сиёсати Исроил дар Ғазза табдили ин борика ба як урдугоҳи кори иҷбори аст.

Нир бо интиқод аз тарҳи ахири Исроил Катз вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба манзури кучи иҷбории ҳамаи фаластиниёни сокини Ғазза ба шаҳри Рафаҳ дар ҷануби ин борика бо иддаои эҷоди як шаҳри башардустона афзуд: Вақте шумо мардумро дар урдугоҳҳо мутамаркиз карда ва бар руи харобаҳо ва вайронаҳо ба онҳо ғизо медиҳед дар ҳақиқат ҳамон урдугоҳи кори иҷбориро барпо кардаед.

Ҳамзамони нависандаи дигари ба номи Роно Шокид дар нузномаи ибри Ядъуд Оҳоронут бо ҳамлаи тунд зидди Натаняҳу навишт: У машғули корҳои таблиғоти, сафар ба Вашенгтон ва гирифтани акс бо Трамп дар ҳоле, ки сарбозон ҳар руз кушта мешаванд.

Шокид афзуд: Нахуствазир ранҷи хонаводаҳоро нодида гирифта аст музокирот дар бораи асирон ба сусти пеш меравад дар ҳоле, ки 640 руз аз оғози ҷанг гузашта аст.

Ин таҳлилгари саҳюнист таъкид кард: Таваҳуми пирузи ба мардум фурухта мешавад дар ҳоле, ки иддаоҳо дар бораи коҳиши шикофҳо дар музокирот ҳеҷ иртиботи бо воқеъияти хунини майдони ҷанг надорад.