Ҳамлаи мушакии Эрон чи мизон хисорат ба таъсисоти Ҳайфо ворид кард?
-
Ҳамлаи мушакии Эрон чи мизон хисорат ба таъсисоти Ҳайфо ворид кард?
Порс тудей- Бозон ба унвони бузургтарин ширкати тавлиди энержи ва нефт дар режими саҳюнистӣ мизони хисоратҳои воридшуда ба таъсисоти Ҳайфо дар пайи ҳамлаи мушакии Эронро эълом кард.
Дар пайи ҷанги 12 руза миёни Теҳрон ва Тел-Авив, ки бо таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ оғоз шуд Эрон дар вокуниши қотеъона ва ҳадафманд, таъсисоти ҳайтии ин режим аз ҷумла муҷтамаъи нефтии Бозон дар шаҳри бандари Ҳайфоро ҳадаф қарор дод.
Ин ҳамла, ки дар 16 июн сурат гирфт боиси воридомадани хисоратҳои густарда ба зерсохтҳои энержии режими саҳюнистӣ шуд ва бори дигар осебпазирии сохтори энержии ин режимро нишон дод. Ба гузориш Порс тудей муҷтамаъи Бозон ба тозаги дар баёнияи эълом кард: Дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон фаъолияти тамоми воҳидҳои тавлидии таъсисоти Ҳайфо ба ҳолати таълиқ даромад ва истгоҳи барқ ва бухори ин маҷмуъа, ки бахши умдаи аз энержии мавриди ниёзи таъсисоти дохилиро таъмин мекунад ба шиддат осеб дида аст.
Бар асоси ин баёния ҳамлаи мушакии Эрон ба таъсисоти Ҳайфо байни 150 то 200 миллион доллар хисорат ба он ворид кард, аммо сандуқи ғароматҳо танҳо 48 миллион долларро пардохт карда аст, гуфтани аст муҷтамаъи Бозон бузургтарин ширкати тавлиди энержи ва нефт дар режими саҳюнистӣ маҳсуб мешавад ва наздик ба 60 дарсад аз гозоил ва ҳудуди ними аз бензими масрафи дар сарзаминҳои ишғолиро тавлид мекунад.
Осебдидани ин маркази ҳаёти натанҳо сабаби камбудҳои мувақати дар бозори сухт шуд балки мавзуъи амнияти энержии ин режимро ба яке аз баҳсбарангезтарин масоили дохили табдил карда аст, коршиносони энержи дар Тел-Авив ҳушдор доданд, ки боздорандагии комили ин муҷтамаъ ба зарфияти тавлиди пешин моҳҳо ба тул хоҳад анҷомид.