Аз марҳалаи чаҳоруми муҳосираи дарёии режими саҳюнистӣ тавассути Яман чӣ медонед?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121206
Порс-Тудей. Неруҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе режими саҳюнистиро таҳдид карданд, ки ҳамалоти пуштибонӣ аз Ғазза ташдид ва муҳосираи режими саҳюнистӣ тангтар хоҳад шуд.
(last modified 2025-07-29T06:15:23+00:00 )
Июл 28, 2025 14:17 Asia/Dushanbe
  • Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман
    Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман

Порс-Тудей. Неруҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе режими саҳюнистиро таҳдид карданд, ки ҳамалоти пуштибонӣ аз Ғазза ташдид ва муҳосираи режими саҳюнистӣ тангтар хоҳад шуд.

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард: Бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти сареъ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ба вижа дар борикаи Ғазза ва идомаи наслкушии созмонёфта ва шаҳодати ҳазорон тан аз мардуми Фаластин дар пайи таҷовузу муҳосираи чандмоҳа ва дар сояи сукути шармовари арабӣ, исломӣ ва ҷаҳонӣ, Яман дар баробари ин ҷиноёти фаҷеъ, ваҳшиёна ва бесобиқа дар таърихи муосир, худро дар баробари масъулияте динӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ нисбат ба мазлумоне мебинад, ки ҳар рӯз ва ҳар соат бо бомбаборонҳои ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ ва ҳамчунин аз тариқи гуруснагиву ташнагии ношӣ аз муҳосираи шадид дар Ғазза муқовиму устувор, мавриди куштору нобудӣ қарор мегиранд.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз “Алмасира”, сартип Яҳё Сареъ афзуд: Бар ин асос Неруҳои мусаллаҳи Яман тасмим ба ташдиди амалиётҳои низомии пуштибонӣ ва оғози марҳалаи чаҳорум аз муҳосираи дарёии душман гирифтаанд.

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман афзуд: Ин марҳала шомили ҳадаф қарор додани ҳамаи киштиҳое аст, ки мутааллиқ ба ҳар ширкате бошанд, ки бо банодири режими саҳюнистӣ ҳамкорӣ дорад, фориғ аз миллияти он ширкат ва дар ҳар маконе, ки дасти неруҳои мусаллаҳи Яман ба он бирасад.

Вай ҳушдор дод, Неруҳои мусаллаҳи Яман ба тамомии ширкатҳо ҳушдор медиҳад, ки ҳамкории худ бо банодири режими саҳюнистиро аз лаҳзаи судури ин баёния мутаваққиф кунанд. Дар ғайри ин сурат, киштиҳои онҳо бидуни тавваҷуҳ ба мақсадашон дар ҳар нуқтае, ки дар тирраси мушакҳо ва паҳподҳои мо қарор гирад, ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.

Сартип Яҳё Сареъ таъкид кард: Неруҳои мусаллаҳи Яман аз тамоми кишварҳо мехоҳад, ки дар сурати тамоюл ба ҷилавгирӣ аз ин марҳала аз ташдиди ҳамалот, бар режими саҳюнистӣ фишор ворид кунанд то ба таҷовузоти худ поён диҳаду муҳосираи Ғаззаро рафъ кунад, чаро ки ҳеҷ инсони озодае дар ин дунё наметавонад он чӣ дар ҷараён астро таҳаммул кунад.

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман хотирнишон кард: Ончӣ Неруҳои мусаллаҳи Яман анҷом медиҳад, баёнгари тааҳҳуди ахлоқӣ ва инсонии мо нисбат ба мазлумияти миллати Фаластин аст ва тамомии силсилаамалиёти низомии мо билофосила пас аз таваққуфи таҷовуз ба Ғазза ва лағви муҳосираи он, мутаваққиф хоҳад шуд.