Режими саҳюнистӣ Санъоро бомбаборон кард / Ансоруллоҳ: ҳамла ба Яман шикаст хӯрдааст
-
Режими саҳюнистӣ Санъоро бомбаборон кард
Порс Тудей - Режими саҳюнистӣ имрӯз якшанбе Санъо, пойтахти Яманро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор дод.
Шабакаи хабарии Ал-Ҷазира аз инфиҷорҳои шадид дар Санъо хабар дод ва эълом кард, ки ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ, анбори муштаққоти нафтиро дар ҷанубу ғарбии пойтахти Яман ҳадаф қарор додааст. Бино ба гузориши Порс Тудей, шоҳидон эълом карданд, ки режими саҳюнистӣ, минтақае дар наздикии Қасри раёсати ҷумҳурӣ ва пойгоҳҳои мушакиро дар Санъо ҳадаф қарор додааст.
Дар ҳоле ки телевизиони режими саҳюнистӣ иддао кардааст, ки ҳадафи ҳамлаҳои имрӯз Қасри раёсати ҷумҳурӣ дар Санъо, талош барои террори Абдулмалик Бадриддин ал-Ҳусӣ, дабири кулли ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва зерсохтҳои мушакӣ дар Ал-Ҳудайда ва Санъо будааст, расонаҳои яманӣ эълом карданд, ки дар ин ҳамлаҳо фақат зерсохтҳои ғайринизомии Санъо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи марказии Ҳазиз ҳадаф қарор гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи хабарии Ал-Масираи Яман эълом кард, ки дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ, анбори ширкати нафт дар хиёбони Ас-Ситтин (60)-и Санъо ҳадаф қарор гирифт.
Ҳизом ал-Асад, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо изҳор кард: ҳамла ба мардуми Яман ноком ва шикаст хӯрдааст ва танҳо дастоварди он барои душман навмедӣ ва шикаст хоҳад буд, он чӣ барои мо аҳамият дорад, мутаваққиф кардани ҷанг ва лағви муҳосираи Ғазза аст.
Дафтари сиёсии Ансоруллоҳ низ ҳамлаҳои режими саҳюнистиро ба Санъо ноумедона хонд ва таъкид кард, душман ҳамонанди ҳамеша зерсохтҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор дод, ки иртиботе бо бахши низомӣ надорад ва ҳамонанди кореро, ки дар Ғазза анҷом медиҳад, бар осеб задан ба ғайринизомиён такя кардааст.