Дархости ЮНИСЕФ барои вуруди фаъолони башардӯстона ба навори Ғазза
-
ЮНИСЕФ: Тақсими кумакҳо дар Ғазза ваҳшатнок аст.
Порс Тудей - Мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) вуруди фаъолони арсаи башардӯстона ба навори Ғазза барои кумак ба ниёзмандон ва тақсими кумакҳои инсондӯстонаро хостор шуд.
Catherine Russell, мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) бо баёни ин ки равиши муассисаи башардӯстонаи Ғазза барои ироаи кумакҳо ба фаластиниён шароити ваҳшатноке ба вуҷуд овардааст, тасреҳ кард: Ҳангоме, ки мардум барои дастёбӣ ба ғизо аз марказҳои муассисаи башардӯстонаи Ғазза талош мекунанд, ҳадафи тирандозӣ қарор мегиранд.
Russell ҳамчунин дар гуфтугӯе бо шабакаи CBS-и Амрико афзуд: Кӯдакони фаластинӣ дар Ғазза бо як қаҳтии ваҳшатнок мувоҷеҳ ҳастанд, ки лозимаи он мутаваққиф кардани муноқишот ва вуруди фаврии ғизо ба ин минтақа аст.
Мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Кӯдакон дар Ғазза аз моҳҳо қабл бидуни ғизои кофӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳатто аз энергияи лозим барои гиря кардан низ бархурдор нестанд.
Ба гуфтаи мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, аз ибтидои ҷанг зидди Ғазза дар ҳафтуми октябри соли 2023, рӯзона ҳудуди 28 кӯдак дар навори Ғазза ҷони худро аз даст додаанд. /ИРНА