Ҷунбиши Ҳамос; таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Яман, нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121708-Ҷунбиши_Ҳамос_таҷовузи_режими_саҳюнистӣ_ба_Яман_нақзи_ошкори_қавонини_байналмилалӣ
Порс Тудей - Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард: таҷовузи ишғолгарон ба Яман нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст.
(last modified 2025-08-25T08:26:37+00:00 )
Август 25, 2025 12:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)
    Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)

Порс Тудей - Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард: таҷовузи ишғолгарон ба Яман нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст.

Ҷунбиши Ҳамос бо маҳкум кардани таҳоҷуми ҳавоии режими саҳюнистӣ ба Санъо, пойтахти Яман, аз ҷумла таъсисоти зербиноӣ ва нерӯгоҳи барқи ин шаҳр, тасреҳ кард: муқобила бо таҷовузҳои режими ишғолгари Исроил мусталзами иттихози мавзеи равшани арабӣ ва исломӣ аст, ки аз Яман ҳимоят кунад ва дар канори мардуми Фаластин дар бархурд бо ваҳшигарии ин режим ва аҳдофи истеъмории он биистад.

Ҳамос бо қадрдонӣ аз мардум ва нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ки ҳимояти мудовими худро аз мардуми Фаластин дар бархурд бо ваҳшигарӣ эълом кардаанд, афзуд: кишварҳои арабӣ ва исломӣ барои поён додан ба ишғол ва озодсозии амокини муқаддас ва сарзаминҳои ишғолии арабӣ бархезанд. / Садо ва Симо