Оё режими саҳюнистӣ метавонад қудрати тахрибии мушакҳои эрониро инкор кунад?
-
Оё режими саҳюнистӣ метавонад қудрати тахрибии мушакҳои эрониро инкор кунад?
Порс Тудей - Гузоришҳо ҳокӣ аз онанд, ки Эрон дар бахше аз ҷанги 12-рӯза бо режими саҳюнистӣ аз силоҳҳое истифода кардааст, ки ҳаҷми тахрибии бисёр баланде дар ҳадди боз кардани як хиёбони ариз(дароз) ва тӯлонӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ доштааст.
Ҷанги 12-рӯзаи режими саҳюнистӣ ва Эрон ҳови(доро)-и як бахши ношинохта ва камтар пардохташуда, хусусан дар расонаҳост, ки дастикам дар ғавғои ҷанг ва амалиёти равонӣ ва расонаии Ғарб ва ҷанҷоли таблиғотии Доналд Трамп мағфул монд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Форс, режими саҳюнистӣ аз ибтидо бо сонсур(сензура)-и густарда саъй кард, ки қудрати низомии Эрон дар фазои расонаӣ намуди чандоне наёбад; пас аз ҷанг низ бахше аз тахрибҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ бо ҳадафи мазлумнамоӣ ошкор шуд, аммо ҳузури мақомоти аврупоӣ ва олмонӣ дар ин харобаҳо сатҳи тахриби мушакҳои эрониро нишон дод.
Бо ҳамаи ин пардапӯшиҳо, режими саҳюнистӣ ва Ғарб наметавонанд қудрати тахрибии мушакҳои эрониро нодида бигиранд. Бавижа режими саҳюнистӣ ба вузуҳ медонад, ки бо чӣ навъ силоҳҳое сарукор дорад.
Тайи ҷанги 12-рӯзаи эътилофи Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, анвои мушакҳои эронӣ ба кор бурда шудааст, аммо ривоятҳо ва тасвирҳо ҳокӣ аз онанд, ки бархе аз мушакҳо қудрати тахрибии баланде дошта, то ҳадде ки як хиёбони аризу тӯлонӣ эҷод карда ва вайрониҳои густардае ба дунбол доштаанд.
Гузоришҳои мухталиф аз манобеи ибрӣ нишондиҳандаи ҳаҷми тахриби баланди мушакҳои эронӣ аст, ки сабаби ҳайрат ва тааҷҷуби расонаҳо ва низомиёни саҳюнистӣ шудааст.
Як мақоми аршади низомии режими саҳюнистӣ дар бораи мизони ин тахрибҳо унвон кардааст: «Садои инфиҷор бисёр наздик буд, ба навъе ки метавон гуфт, мушак дар фосилаи 300-метрии мо исобат кард ва мо баъд аз хуруҷ аз паноҳгоҳ ба ҳаҷми харобиҳо ва вайрониҳо пай бурдем. Фақат кофӣ буд, ки аз паноҳгоҳ хориҷ шавам, то ҳаҷми харобиҳоро бубинам; ҳама чиз вайрон шуда буд.»
Дар ҳамин росто, рӯзномаи «Ҳааретс» навишт: «Хисорот то садҳо метр густариш ёфт; садҳо – ҳатто ҳазорон – хонаи истиқоматӣ таҳти таъсир қарор гирифтанд. Бархе бо фурӯ рехтани деворҳо ва деворҳои гипсӣ, осебҳои шадиде диданд; бархеи дигар фақат тирезаҳо, чорчӯбаи дарҳо ва васоили хонаи шикастаро диданд.»
«Ҳааретс» гузориш дод: Бархе аз мушакҳои баллистикӣ, ки дар хиёбонҳои Исроил фуруд омада буданд, сирфан ба далели ларзишҳои ношӣ аз бархӯрд, ба минтақаи васеъе аз сохтмонҳои атроф осеб расонданд.
Рӯзномаи «Ал-Ватан» низ гузориш дод: Хисороти ношӣ аз мушакҳои баллистикии Эрон дар Исроил бисёр бештар аз гузоришҳои расмӣ аст.
Ин рӯзнома афзуд: Мақомоти исроилӣ интишори додаҳои марбут ба исобати мушакро ба далелҳои амниятӣ ва барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба иттилооти ҳадафгирӣ ва барои ҳифзи рӯҳияи умумии шаҳракнишинон маҳдуд кардаанд, зеро ҳар ҳамлаи мушакӣ боиси ваҳшати воқеӣ мешавад.
Ин гузоришҳо бахше аз посухи амалӣ ва вайронкунандаи Эронро ба режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, ҳамлаҳое, ки бо таваҷҷуҳ ба муодилоти ҷанги 12-рӯза ба таври маҳдуд ба кор бурда шуда, аммо қудрат ва тавони низомии Эронро ба душман дикта кардааст.
Мавзӯе, ки дар ҷангҳои дигар метавонад бо теъдоди бисёр бештаре ба кор гирифта шавад; чаро ки мақомоти низомии Эрон эълом кардаанд, ки муодилоти ҷанги оянда бо ҷанги 12-рӯза бисёр мутафовит хоҳад буд ва посухи Эрон дар оянда як посухи кӯбанда ва вайронгар аст.