Оё ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Давҳа поёни моҷарост?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121918-Оё_ҳамлаи_режими_саҳюнистӣ_ба_Давҳа_поёни_моҷарост
Порс Тудей - Як рӯзномаи саҳюнистӣ эътироф кард, ки ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба як минтақаи маскунӣ дар Давҳаи Қатар нишонаи фиқдони ақлонияти Тел-Авив аст.
(last modified 2025-09-23T05:43:04+00:00 )
Сентябр 13, 2025 05:53 Asia/Dushanbe
  • Оё ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Давҳа поёни моҷарост?

Порс Тудей - Як рӯзномаи саҳюнистӣ эътироф кард, ки ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба як минтақаи маскунӣ дар Давҳаи Қатар нишонаи фиқдони ақлонияти Тел-Авив аст.

Ҳавопаймоҳои режими саҳюнистӣ асри сешанбе (9 сентябр), зимни таҷовуз ба ҳарими ҳавоии Қатар, ҳадафҳоеро дар шаҳри Давҳа, пойтахти ин кишвар бомбаборон карданд. Макони ин бомбаборон маҳалли баргузории нишасти ҳайати баландпояи Ҳамос ба раёсати Халил ал-Ҳайя дар минтақаи Катара буд. Бар асоси охирин гузоришҳо, бо вуҷуди инфиҷорҳои шадид ва эҷоди сутунҳои дуди ғализ дар осмони Давҳа, аъзои ҳайати Ҳамос осебе надиданд.

Ба гузориши Порс Тудей, рӯзномаи саҳюнистии «Ҳааретс» дар таҳлиле навишт, ки ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба як минтақаи маскунӣ дар пойтахти Қатар яке аз девонавортарин амалиётҳои низомии таърихи ин режим буда ва нишонаи фиқдони ақлонияти Тел-Авив аст.

«Ҳааретс» кабинаи Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро фоқиди назорат ва иттихози тасмимҳои шитобзада бо паёмадҳои стратегии хатарнок донист ва дар бораи зарурат ва ҳадафи чунин амалиёте пурсишҳое матраҳ кард.

«Ҳааретс», навиштааст, ки «чӣ касе даст ба террори афроде мезанад, ки дар ҳоли музокира барои озодии асирони он ҳастанд, дар ҳоле ки ҳамзамон бандҳои тавофуқе барои оташбасро баррасӣ мекунанд, ки мавриди ҳимояти Амрикост!?»

Ин расонаи режими саҳюнистӣ дар идома таъкид кард, ки ин ҳамла афродеро ҳадаф қарор додааст, ки дар музокироти ҳассос дар бораи парвандаи асирони исроилӣ мушорикат доштаанд ва Қатар аз ибтидои ҷанг дар ҳафтуми октябри соли 2023, яке аз муҳимтарин миёнҷиҳои ин парванда будааст.

«Ҳааретс» ҳамчунин аз сиёсатҳои Натаняҳу ба шиддат интиқод карда ва навиштааст, ки ин амалиёт дар ростои талошҳои мукаррари нахуствазири Исроил барои ноком гузоштани тавофуқи табодули асирон ва мунҳариф кардани афкори умумӣ аз шикастҳои сиёсӣ ва низомии ӯ ва кобинааш анҷом шудааст.

Ин расонаи режими саҳюнистӣ дар идома бо ишора ба ин ки бархе мақомоти аршади амниятии исроилӣ бо иҷрои ин ҳамла мухолифат кардаанд, аммо ин монеи пешравӣ дар амалиёт нашуда ва нишондиҳандаи фурӯпошии системаи тасмимгирии амниятӣ ва сиёсии Тел-Авив аст, ҳушдор дод, ки паёмадҳои ин амалиёт мумкин аст ба таҳримҳои аврупоӣ алайҳи режими Исроил ва маҳдудиятҳои сафари исроилиҳо мунҷар шуда ва амнияти дохилии ин режим ба суръат заиф шавад.

«Ҳааретс» дар поён низ таъкид кард, ки ҳодисаи Давҳа поёни моҷаро нест ва мумкин аст ҳамлаҳои мушобеҳ ба дигар пойтахтҳо монанди Истанбул ё Қоҳира густариш ёбад, чаро ки Тел-Авив фоқиди дидгоҳи стратегӣ буда ва танҳо ба қудрати низомӣ такя мекунад.