Сухангӯи собиқи артиши Исроил: Мо дар ҷанги шабакаҳои иҷтимоӣ мағлуб шудем
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i123096-Сухангӯи_собиқи_артиши_Исроил_Мо_дар_ҷанги_шабакаҳои_иҷтимоӣ_мағлуб_шудем
Порс Тудей - Сухангӯи аз кор рондашудаи артиши Исроил дар изҳороте шикасти расонаҳои режими саҳюнистиро эътироф кард.
(last modified 2025-11-25T09:48:52+00:00 )
Ноябр 25, 2025 14:48 Asia/Dushanbe
  • Даниел Ҳагарӣ, сухангӯи артиши Исроил, ки аз мақомаш барканор шуда буд
    Даниел Ҳагарӣ, сухангӯи артиши Исроил, ки аз мақомаш барканор шуда буд

Порс Тудей - Сухангӯи аз кор рондашудаи артиши Исроил дар изҳороте шикасти расонаҳои режими саҳюнистиро эътироф кард.

Бино ба иттилои Порс Тудей, бо истинод ба Middle East Monitor, Даниел Ҳагарӣ, сухангӯи аз кор рондашудаи артиши Исроил, дар ҷаласаи солонаи Федератсияҳои яҳудиёни Амрикои Шимолӣ дар Вашингтон гуфт, ки Исроил "дар ҷанги шабакаҳои иҷтимоӣ мағлуб шудааст" ва бояд механизми нав ва қавии ҷанги расонаҳо дар ин самтро эҷод кунад.

Ҳагарӣ пешниҳод кард, ки қобилиятҳо ва сохтори воҳиди 8200-уми артиши Исроил ҳамчун намуна барои эҷоди ин модели нав истифода шаванд.

Ӯ гуфт, ки дар ин ҷанг Исроил бояд "ба ҷои матнҳои тӯлонӣ ба аксҳо, видеоҳо ва омор тамаркуз кунад".

Ӯ инчунин пешниҳод кард, ки воҳиде таъсис дода шавад, ки мундариҷаи платформаҳои онлайнро назорат кунад ва ба ҳукуматҳо ва расонаҳо бо забонҳои гуногун зуд посух диҳад.

Сухангӯи собиқи артиши Исроил инчунин даъват кард, ки як шабакаи систематикии ҳисобҳои қалбакӣ, робертҳои  автоматӣ ва истифодаи блогерҳои ғайрирасмӣ, ки "беҳтараш аз байни занони ҷавон интихоб карда шаванд", таъсис дода шаванд.