Январ 22, 2017 14:01 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Сурия: Берун рондани террористҳо авлавияти мо аст

Нахуствазири Сурия гуфт, давлати Димишқ дар музокирот ҷиддӣ аст ва берун рондани террористҳо, авлавияти давлат ва мардуми Сурия аст.

Имод Хамис-нахуствазири Сурия дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории Садо ва симои Эрон гуфт, давлати Сурия аз ҳар ибтикоре, ки битавонад сулҳ ва оромишро ба ин кишвар бозгардонд истиқбол мекунад.

Вай таъкид кард, музокироти Остона сирфан гуфтугӯҳо сурӣ - сурӣ хоҳад буд, зеро миллати Сурия иҷоза нахоҳад дод хориҷиҳо дар мавриди ояндаи кишварашон тасмим бигиранд.

Имод Хамис дар посух ба ин савол, ки интизори давлат ва мардуми Сурия аз музокироти Остона чист, гуфт, давлати Сурия дар музокирот ҷиддӣ аст ва берун рондани террористҳои хориҷӣ аз Сурия, аввлавияти давлат ва мардуми ин кишвар аст.

Нахуствазири Сурия гуфт, давлати Димишқ оғӯши худро ба рӯи мухолифоне, ки хостори бозгашт ба домани миллат ҳастанд, гушӯдааст, аммо террористҳое, ки аз хориҷ омадаанд, роҳе ҷуз хурӯҷ ё кушта шудан надоранд.

Вай таъкид кард, агар кишварҳои ҳомии терроризм ҳамчун Туркия ва Арабистон ҳимоятҳои молӣ ва таслиҳотии худро аз террористҳо қатъ кунанд, даргириҳо дар Сурия поён хоҳад ёфт.

Нахуствазири Сурия ҳамчунин дар ин гуфтугӯ равобити Эрон ва Сурияро равобити роҳбурдӣ дар минтақа хонд ва аз ҳимоятҳои давлат ва мардуми Эрон аз Сурия қадрдонӣ кард.