Манбаи ироқӣ: ДИИШ даст ба домони чӯб ва лухтак шудааст
Як манбаи маҳаллӣ дар устони Найнавои Ироқ гуфт, гурӯҳи террористии ДИИШ барои ҷуброни камбуди нерӯ ва таҷҳизоти низомии худ ва фиреб додани нерӯҳои ироқӣ, ба истифода аз арӯсак (лухтак) ва тонкҳои чӯбӣ, рӯй овардааст.
Ин манбаъ ба хабаргузории ироқии Сумирия гуфт, террористҳои ДИИШ ба думболи фирори бисёре аз ҳамқаторони худ, бо чӯб макети худравҳои зиреҳӣ аз навъи “Hummer”-ро сохта ва рӯи онҳо арӯсакҳои силоҳ бадаст қарор додаанд, то неруҳои ироқӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангандаи онҳоро низомёни воқеӣ тасаввур кунанд ва ҳадаф қарор диҳанд, аммо нерӯҳои ироқӣ бо ин тарфандҳои ДИИШ дар саҳнаи набард ошно ҳастанд.
Манбаи ёдшуда, ки хост номаш фош нашавад афзуд, бисёре аз аносури ДИИШ ба думболи пешравии нерӯҳои ироқӣ, дар бахши шарқи Мусил фирор кардаанд ва ба ҳамин далел ин гурӯҳи террористӣ дар бахши ғарбии шаҳр ба шиддат бо камбуди нерӯ мувоҷеҳ аст.
Идораи иттилооти низомии Ироқ коргоҳи сохти ин арӯсакҳо ва низ коргоҳи сохт сомонаҳои мухобиротии ДИИШ-ро дар шарқи Мусил кашф кардааст.
Ин идора рӯзи чаҳоршанбеи гузашта низ аз ёфтани роёнае хабар дод, ки аз он ба унвони "ганҷ" ном бурд.
Роёнаи кашф шуда, иттилооти гаронбҳо аз дииш-иҳои рустабор ва тоҷиктабор дар худ дорад.
Амалиёти озодсозии шаҳри Мусил рӯзи 17 октябри 2016 бо шиор “эй Найнаво мо меоем” бо фармони Ҳайдари Ибоди-нахуствазири Ироқ оғоз шуд.