Ҳадафи воқеии режими саҳюнистӣ дар минтақа чист?
-
Маҳфуз Мунаввар, намояндаи ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин
“Порс-Тудей”. Намояндаи Ҷиҳоди исломии Фаластин бо таъкид бар нақши инсиҷоми мардуми Эрон эълом кард, ин ҳамбастагӣ сенарияи бесуботсозии Амрико ва Исроилро ноком гузошт.
Намояндаи ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин дар Лубнон таъкид кард, ки инсиҷому ҳамроҳии мардуми Эрон бо раҳбарии худ, омили аслии нокомии сенарияи Амрико ва режими саҳюнистӣ барои эҷоди бесуботии дохилӣ дар Эрон будааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Маҳфуз Мунаввар дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Алолам”, бо ишора ба шароити ҳассоси минтақа, бар зарурати ҳамбастагии ҷараёнҳои муқовимат бо Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид карду гуфт: Ҳимоят аз Эрон, ҳимоят аз ҳамаи неруҳое аст, ки дар баробари тарҳҳои муштараки Амрикову Исроил истодагӣ мекунанд.
Вай бо баёни инки ҳадафи ниҳоии Исроил танҳо як кишвар ё минтақаи маҳдуд нест, афзуд: Пештар низ ҳушдор дода будем, ки ҳар гуна даргирии мустақим мумкин аст аз Ғазза ё ҷануби Лубнон оғоз шавад, аммо доманаи аҳдофи Исроил кулли Ғарби Осиёро дар бар мегирад ва дар сурати иқдоми эҳтимолии Амрико, ҳамаи минтақа таҳти таъсир қарор хоҳад гирифт.
Мунаввар бо ишора ба нооромиҳои ахир дар Эрон гуфт, эътирозот дар ибтидо моҳияте иҷтимоӣ дошт, аммо дахолати қудратҳои хориҷӣ ва ҳидояти ошӯбгарон ба самти хушунат, шароити дохилиро печидатар кард.
Ӯ ҳадаф қарор додани маҳалли иқомати сафири Фаластин ва ҳамла ба ниҳодҳои мазҳабиро нишонае аз мухолифати ошӯбгарон бо муқовимати Фаластин ва ҷумҳурии исломӣ донисту афзуд: Ончи сарнавишти ин таҳаввулотро мушаххас кард, ҳузури густардаи мардум ва ҳимояти онон аз кишварашон буд.
Намояндаи Ҷиҳоди исломии Фаластин дар Лубнон таъкид кард, ҳар гуна ҳамла ба Ҷумҳурии исломии Эрон дар воқеъ ҳамла ба ормони Фаластин аст, зеро Эрон танҳо кишваре аст, ки ҳамчунон пружаи муқовиматро пеш мебарад.
Вай афзуд, неруҳои муқовимат дар канори Эрон хоҳанд истод, зеро муқобила бо тарҳҳои саҳюнистӣ ниёзманди иттиҳод ва ҳамбастагӣ аст.
Мунаввар дар поён бо ишора ба пайгирии дақиқи таҳаввулоти Эрон гуфт, ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин умедвор аст, Эрон аз ин марҳала бо қудрат убур кардаву пирӯзи майдон бошад.