Қатъии густардаи барқ дар сарзаминҳои ишғоли дар пайи ҳамалоти мушакии Эрон
-
Қатъии густардаи барқ дар сарзаминҳои ишғолӣ дар пайи ҳамалоти мушакии Эрон
Мавҷи ҷаидиди ҳамалоти мушакии Эрон ба пойгоҳҳои муҳим ва ҳасоси амниятӣ ва низомӣ дар Тел-Авив боиси қатъии густардаи барқ ва бурузи хисоратҳои фаровон ва талафоти инсонии боло дар сарзаминҳои ишғолӣ шуд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, ки мавҷи ҷадиди ҳамалоти мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ боиси қатъии густардаи барқ ва тавақуфи фаъолияти қаторҳои метро дар Тел-Авив шуда аст.
Ба асоси эъломи манобеъи расонаи саҳюнист ин ҳамалот чандин минтақаи Тел-Авивро ҳадаф қарор дод ва мушакҳои Эрон бо убур аз сомонаи падофанди чандлоия ба аҳдоф исобат кард ва тахрибҳои густарда ба ҷо гузоштанд.
Шабакаи Алҷазира ҳам аз исобати мушакҳои Эрон ба мавозеъи режими саҳюнистӣ дар минтақаи Раматгон дар Тел-Авив ва тахриби васеъи амокини амниятии ин режим бар асари бархурди мушакҳои насли ҷадиди фавқисангин бо кулоҳакҳои бориши хабар дод ва тасовири аз исобати ин мушакҳо ба марказ ва шарқи Тел-Авив мунташир карданд.
Бар асоси ин гузориш пойгоҳҳоҳи низомӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ дар минтақаи Ҳулун, макази Тел-Авив низ дар ҳамалоти шадиди мушаки мутаҳамили хисорот ва талафоти густардаи шуданд.
Полиси режими саҳюнистӣ талош дорад мизони хисоратҳо ва вайрониҳои густардаи неруҳои худро сонсур карда ва дастуруламалҳои сахтгиронаи барои сонсури низомии ахбор тавассути хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ содир карда аст.