Натанёҳу дар вокуниш ба ҳамалоти мушакии Эрон: Шаби сахтеро сипарӣ кардем
-
Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ
“Порс-Тудей”. Нахуствазири режими саҳюнистӣ ба ҳамалоти мушакии Эрон ба ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ вокуниш нишон дод.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ҳамалоти мушакии Эрон ба ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ эълом кард, ки ин режим шабе бисёр душворро сипарӣ кард.
Шабакаи 14 телевизиони режими саҳюнистӣ низ пештар гузориш дод, ки кабинаи ин режим дар пайи ҳамалоти мушакии ахири Эрон ба шаҳрҳои Димуно ва Арод дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ, як ҷаласаи изтирорӣ ба сурати телефонӣ баргузор кард.
Шабакаи 12 режими саҳюнистӣ ҳам гузориш дод, ки дар пайи таҳаввулоти амниятии ахир ва ҳамалоти мушакии Эрон ба шаҳрҳои Димуно ва Арод дар ҷануби Фаластини ишғолӣ, фаъолияти мадорис дар шаҳрҳои Сидирот ва Асқалон барои рӯзи оянда лағв шудааст.
Ёрии таъҷилии режими саҳюнистӣ низ дар тозатарин гузориш аз талафоти ношӣ аз ҳамлаи мушакии Эрон ба Арод, дар ҷануби Исроил эълом кард, ки дар ин ҳамалот то кунун ҳашт кушта ва ҳудуди 100 нафар захмӣ шудаанд.