Мақоми Ҳизбуллоҳ: Муқовимат то озодии комили хоки Лубнон идома дорад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i124704-Мақоми_Ҳизбуллоҳ_Муқовимат_то_озодии_комили_хоки_Лубнон_идома_дорад
Порс Тудей - Ноибраиси Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳ бар мавозеи усулии ин ҷунбиш дар қиболи таҷовузоти режими саҳюнистӣ таъкид кард ва гуфт, ки муқовимат то озодии комили хоки кишвараш идома пайдо хоҳад кард.
(last modified 2026-05-01T00:47:37+00:00 )
Май 01, 2026 05:39 Asia/Dushanbe
  • Маҳмуд Қамотӣ, ноибраиси Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳ
    Маҳмуд Қамотӣ, ноибраиси Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳ

Порс Тудей - Ноибраиси Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳ бар мавозеи усулии ин ҷунбиш дар қиболи таҷовузоти режими саҳюнистӣ таъкид кард ва гуфт, ки муқовимат то озодии комили хоки кишвараш идома пайдо хоҳад кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Маҳмуд Қамотӣ, ноибраиси Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳ дар мусоҳиба бо шабакаи «Алҷазира» эълом кард, ки ҳеҷ гуна музокираи ғайримустақиме бо Исроил сурат нахоҳад гирифт, магар ин ки ибтидо оташбаси комил ва ҳамаҷониба барқарор шавад.

Ин мақоми масъул бо ишора ба тадовуми амалиётҳои муқовимат, хотирнишон кард, ки мубориза то озодии ваҷаб ба ваҷаби хоки Лубнон аз ишғоли душман идома хоҳад ёфт.

Вай ҳамчунин бо ҳимоят аз мавзеи қотеи Набеҳ Беррӣ, раиси парлумони Лубнон, ҳар гуна музокираи мустақим бо душмани саҳюнистиро рад кард ва мавзеи эшонро дахлнопазир донист.

Ноибраиси Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳ дар поён ҳушдор дод, ки сабри муқовимат дар баробари ҷиноятҳои Исроил абадӣ нест ва таъкид кард, ки ин истодагӣ, масири мустақиле аз танишҳои миёни Исроил ва Эронро тай мекунад.