Ҳаоретс иътироф кард: Трамп муқобили Эрон гир афтодааст
-
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико
Порс Тудей — Рӯзномаи исроилии «Ҳаоретс» иътироф кард, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои нахустин бор дар зиндагияш, баҳои комили як тасмими иштибоҳро мепардозад ва ба сахтӣ метавонад бипазирад, ки дигар қодир нест аз масъулияти ин амр шона холӣ кунад.
Рӯзномаи исроилии «Ҳаоретс» дар ёддоште навишт: «Доналд Трамп пас аз беш аз ду моҳ талош барои водор кардани Эрон ба таслим, дар набарде бесаранҷом дар баробари душмане сарсахт, ботаҷриба ва бебок гирифтор шудааст, ки зери бори диктаҳо намеравад».
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории «Форс», ин рӯзномаи саҳюнистӣ таъкид кард: Пирӯзии сареъ ва намоишие, ки ӯ дар рӯё дошт, дар дастрас нест ва танҳо ду гузина пеши рӯяш мондааст: тавофуқи сиёсӣ ҳамроҳ бо имтиёздиҳӣ, ё ҷанге тӯлонӣ, пурҳазина ва хунин; ҷанге, ки ҷойгоҳи ӯро назди мардум табоҳ хоҳад кард.
«Ҳаоретс» идома дод: «Эрон моҷарое мутафовит аст. Ин ҷо дигар шароити хориҷӣ вуҷуд надорад ва раисиҷумҳур наметавонад касеро муқассир бидонад. Ин, ҷанги худаш аст, ҷанге, ки бидуни таҳдиди мустақим алайҳи Амрико ба роҳ андохт. Эҳтимолан тасаввур мекард як ҳамлаи кутоҳ муҷиби фурӯпошии ҳукумати Эрон (пас аз 47 сол) ва сабти номаш ба унвони дастоварде наполеонӣ хоҳад шуд, аммо ин қимор иштибоҳе фоҳиш буд.
Ин рӯзномаи саҳюнистӣ таъкид кард: Трамп акнун ва дар остонаи ҳаштодумин солгарди таваллудаш, барои нахустин бор баҳои комили тасмиме нодурустро мепардозад. Ҳеҷ пуле наметавонад аз ин махмаса берунаш биёварад. Бинобарин наметавонад сарнавиштро бипазирад ва ҳамчунон бо таҳдид, ваъда ё орзу дар талош аст ҷангро он гуна ки худаш мехоҳад, поён диҳад.