Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба дуюмин мақарри фармондеҳии артиши режими Исроил
-
Ҳамлаи паҳподии Ҳизбуллоҳ ба дуюмин мақарри фармондеҳии артиши режими Исроил
Порс Тудей — Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки дуюмин мақарри фармондеҳии артиши режими саҳюнистиро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор додааст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Ҳизбуллоҳ дар баёнияе эълом кард, ки дар посух ба таҷовузҳои душмани саҳюнистӣ, яке аз мақарҳои фармондеҳии артиши ин режим дар минтақаи Ан-Ноқураро бо паҳподи интиҳории «Абобил» ҳадаф қарор додааст.
Ҳизбуллоҳ шаби гузашта низ эълом карда буд, ки дар ростои дифоъ аз кишвар ва миллати Лубнон ва нақзи тавофуқи оташбас ва ҳамчунин таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба деҳаҳои ҷанубӣ, ки мунҷар ба шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани теъдоде аз ғайринизомиён шуд, яке аз мақарҳои фармондеҳии артиши Исроил дар минтақаи «Қалъа-ут-Тақиф»-ро ҳадафи ҳамлаҳои тӯпхонаӣ қарор додааст.
Пеш аз ин низ Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури чандин баёния эълом кард дар посух ба ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ, мавозеи тӯпхонаии артиши ин режимро дар манотиқи мухталиф ҳадаф қарор додааст.