Ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи Бейрут
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i124952-Ҳамлаи_артиши_режими_саҳюнистӣ_ба_Зоҳияи_Бейрут
Порс Тудей — Дафтари нахуствазирии режими саҳюнистӣ эълом кард: Артиши ин режим имрӯз якшанбе ба минтақаи Зоҳияи Бейрут ҳамла кардааст.
(last modified 2026-06-08T04:34:29+00:00 )
Июн 08, 2026 09:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи Бейрут
    Ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи Бейрут

Порс Тудей — Дафтари нахуствазирии режими саҳюнистӣ эълом кард: Артиши ин режим имрӯз якшанбе ба минтақаи Зоҳияи Бейрут ҳамла кардааст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, дафтари Натаняҳу дар тавҷеҳи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Бейрут муддаӣ шуд, ин ҳамлаҳо посухе ба оташбории Ҳизбуллоҳ алайҳи Исроил буд.

Ҳамзамон Israel Katz, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ иддао кард: Нерӯи ҳавоии ин режим, акнун як утоқи амалиёт дар Зоҳияи ҷанубии Бейрутро ҳадаф қарор додааст.

Режими ишғолгар баъд аз зуҳри имрӯз якшанбе, Зоҳияи ҷанубиро ҳадафи таҷовузоти ҳавоии худ қарор додааст.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки Трамп иддао мекард иҷозаи ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи ҷанубии Бейрутро нахоҳад дод.

Режими ишғолгар аз оғози оташбас дар Лубнон, беэътино ба ин тавофуқ ҳар рӯза онро нақз мекунад ва то кунун ҳазорон нафар тайи он шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд.