9 устони Ироқ барои маросими ташйиъи Раҳбари шаҳиди Эрон таътил шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125078-9_устони_Ироқ_барои_маросими_ташйиъи_Раҳбари_шаҳиди_Эрон_таътил_шуданд
Порс Тудей — Устони Мусаннои Ироқ, нуҳумин устони Ироқ аст, ки рӯзи чоршанбе барои бадрақа ва ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоб таътил шуд.
(last modified 2026-07-05T09:57:20+00:00 )
Июл 05, 2026 14:51 Asia/Dushanbe
  • Бадрақа ва ташйиъи пайкари ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сайид Алӣ Хоманаӣ, Раҳбари шаҳиди Эрон дар Ироқ
    Бадрақа ва ташйиъи пайкари ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сайид Алӣ Хоманаӣ, Раҳбари шаҳиди Эрон дар Ироқ

Порс Тудей — Устони Мусаннои Ироқ, нуҳумин устони Ироқ аст, ки рӯзи чоршанбе барои бадрақа ва ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоб таътил шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, устони Мусаннои Ироқ, нуҳумин устонест, ки рӯзи чоршанберо барои тасҳили мушорикати мардуми ин устон барои бадрақа ва ташйиъи пайкари ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари шаҳиди Эрон таътил эълом кард. Пеш аз ин устонҳои Бағдод, Наҷафи Ашраф, Карбалои Муалло, Бобил, Зӣ-қор, Басра, Майсон ва Восит рӯзи чоршанберо таътил эълом карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Қосим Алӣ Ал-Ясорӣ, раиси Шӯрои устони Карбалои Ироқ, эълом кард, ки муқаддамоти истиқбол аз пайкари Сайиди шаҳид Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари муҷоҳиди шаҳиди Эрон такмил шудааст ва рӯзи ташйиъи пайкари эшон дар устони Карбало таътили расмӣ хоҳад буд, то шаҳрвандон битавонанд ин маросимро ба шевае шоистаи мақоми эшон ва аҳаммияти ин рӯйдод баргузор кунанд. Ал-Ясорӣ изҳор дошт, ки дар маросими ташйиъи пайкари Оятуллоҳ-ул-узмо Алии Хоманаӣ (қаддасаллоҳу сирраҳу) ширкат хоҳад кард. Маросими ташйиъи пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди уммати Ислом, ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ (ризвонулоҳи таъоло алайҳ) қарор аст рӯзи чоршанбе дар шаҳрҳои муқаддаси Карбало ва Наҷаф баргузор шавад.