Коршиноси саҳюнист : Исроил тавони рӯёрӯии дарозмуддат бо Эронро надорад
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125254-Коршиноси_саҳюнист_Исроил_тавони_рӯёрӯии_дарозмуддат_бо_Эронро_надорад
Порс тудей - Як коршиноси барҷастаи саҳюнист бо интиқод аз вобастагии фазояндаи Тел-Авив ба Вашингтон таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ дигар аз истиқлоли роҳбурдии гузашта бархӯрдор нест ва тавони таҳаммули рӯёрӯиҳои дарозмуддат бо Эронро низ надорад.
(last modified 2026-07-27T15:36:24+00:00 )
Июл 27, 2026 20:33 Asia/Dushanbe
  •   Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ
    Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ

Порс тудей - Як коршиноси барҷастаи саҳюнист бо интиқод аз вобастагии фазояндаи Тел-Авив ба Вашингтон таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ дигар аз истиқлоли роҳбурдии гузашта бархӯрдор нест ва тавони таҳаммули рӯёрӯиҳои дарозмуддат бо Эронро низ надорад.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , Амтсиё Баръом- устоди роҳбурдии умӯри ғарби Осиё дар донишгоҳи Ҳайфа дар гуфтугу бо рӯзномаи саҳюнистӣ « Маъорив » ҳушдор дод, ки режими саҳюнистӣ илова бар чолишҳои низомӣ , бо мушкилоти роҳбурдӣ ва сиёсии амиқе низ рӯбарӯ аст.
Баръом бо интиқод аз афзоиши вобастагии Телвив ба Иёлоти муттаҳида , гуфт ки муҳимтарин таҳаввули вобаста ба ҷанг , вобастагии бесобиқаи режими саҳюнистӣ ба Вашингтон аст.
  Вай тасреҳ кард : « Ба эътиқоди ман имрӯз тамоми фаъолиятҳое, ки алайҳи Эрон анҷом медиҳем , тавассути Амрико таъйин мешавад. Мо ҳамеша то ҳадде ба қудрати Амрико вобаста будем , аммо ҳаргиз монанди имрӯз ба чунин сатҳе аз вобастагӣ нарасида будем. Пештар аз мизони мушаххаси истиқлоли амал бархӯрдор будем , аммо акнун ин истиқлолро аз даст додаем ва ин воқеияти роҳбурдии кунунии мо аст. »
Вай афзуд : « Дар шароити феълӣ ин хатар вуҷуд дорад, ки Амрико сиёсатеро бар мо таҳмил кунад, ки ҳарчанд бо манофеи Вашингтон ҳамсӯ бошад , аммо бо манофеи Тел-Авив дар таззод қарор бигирад. »
Ин коршиноси саҳюнист ҳамчунин бо эътироф ба инки режими саҳюнистӣ тавони таҳаммули даргириҳои пайдарпай ва дарозмуддат бо Эронро надорад , изҳор дошт : « Тел-Авив барои табодули ҳамалот бо Эрон дар фосилаи чандмоҳа сохта нашудааст ; на иқтисод , на ҷомеъаи Исроил ва на ҳатто неруи ҳавоии он , зарфияти чунин рӯёрӯии идомадорро надоранд. »