Беш аз 22 миллион зоир ба зиёрати Арбаъин мушарраф шуданд
Порс Тудей - Устондори Карбало аз ширкати беш аз 22 миллион зоир дар маросими Арбаъин хабар дод.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Насиф Ал Хитобӣ, устондори Карбало эълом кард, беш аз 22 миллион зоир, ба зиёрати Арбаъин мушарраф шуданд, ки панҷ миллион нафар аз онҳо зоирони хориҷӣ буданд.
Вай гуфт, имсол 16 ҳазор мукеби ҳусайнӣ дар ин устон ба зоирони Арбаъин хадамот ироа карданду идораи беҳдошти устони Карбало низ бо кумаки дигар вазоратхона ба ҳафт миллион зоир хадамоти дармонӣ ироа кардааст.
Саъд Муъин, раиси воҳиди иттилоърасонии амниятии Ироқ ҳам аз муваффақиятомез бкдани тарҳи амниятии вижаи маросими Арбаъин хабар дод ва гуфт, 5 миллион зоири хориҷӣ аз 172 кишвар дар маросими Арбаъин ҳузур ёфтанд.