Ҳамлаи мушакии Яман ба бандари ал-Махо
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125386-Ҳамлаи_мушакии_Яман_ба_бандари_ал_Махо
Порс тудей - Манбаъҳои хабарӣ аз ҳамлаи мушакии неруҳои мусаллаҳи Яман ба мавзеъҳои унсурҳои таҳти ҳимояти Арабистон дар бандари ал-Махо воқеъ дар ғарби Яман хабар доданд.
(last modified 2026-08-12T11:49:08+00:00 )
Август 12, 2026 16:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии Яман ба бандари ал-Махо
    Ҳамлаи мушакии Яман ба бандари ал-Махо

Порс тудей - Манбаъҳои хабарӣ аз ҳамлаи мушакии неруҳои мусаллаҳи Яман ба мавзеъҳои унсурҳои таҳти ҳимояти Арабистон дар бандари ал-Махо воқеъ дар ғарби Яман хабар доданд.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , артиши Яман бори дигар марказҳои низомии унсурҳои таҳти ҳимояти Арабистони саъӯдӣ мустақар дар бандари ал-Махо воқеъ дар ғарби устони Таъизро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.
Ҳамчунин шабакаи хабарии Алҷазира ба нақл аз як масъӯли ин бандар гузориш дод ин ҳамлаи мушакӣ , хисорату тахриб дар бандар бар ҷой гузоштааст. Манобеи маҳаллӣ мегӯянд дар ин ҳамлаи нави неруҳои мусаллаҳи Яман аз ду мӯшаки балистикӣ истифода шудааст .
Чанд рӯз пеш неруҳои мусаллаҳи Яман бандари ал-Махоро бо як қойиқи бомбгузоришуда ҳадаф қарор доданд. Неруҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард марказҳои таҷаммуъи низомиён ва анборҳои силоҳи Арабистони саъӯдӣ дар ал-Махоро дар як амалиёти дақиқ ҳадаф қарор додааст.
Неруҳои мусаллаҳи Яман таъкид карданд , мардуми Яман ва неруҳои мусаллаҳи онҳо тибқи муъодилаи эъломшуда амал хоҳанд кард : « муҳосира дар баробари муҳосира , ташдиди ҳамлаҳо дар баробари ташдиди ҳамалот ва ҳадаф қарор додани касоне, ки мардуми Яманро ҳадаф қарор медиҳанд. »
Ал-Махо як бандари калидӣ дар устони Таъиз дар ғарби Яман ва дар наздикии тангаи Бобулмандаб қарор дорад, ки таҳти контроли ниманизомиёни ҳампаймони Арабистон аст.