Наим Қосим: Тавофуқи «Чорчӯб» диктаҳои исроилӣ бо имзои давлати Лубнон аст
Порс Тудей – Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо интиқод аз тавофуқи мавсӯм ба «Чорчӯб» ва раванди музокироти давлати ин кишвар бо Тел Авив, таъкид кард, ин тавофуқ чизе ҷуз диктаҳои режими саҳюнистӣ бо имзои давлати Лубнон нест.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Наими Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: Давлати Лубнон ҷуз силоҳи муқовимат чизе намебинад ва ба ҷои тамаркуз бар масъалаи адами пойбандии Исроил ба тааҳҳудоташ, бар муқовимат мутамарказ шудааст.
Вай афзуд, касе, ки рӯи таслим шудан шарт бастааст, бар рӯи сароб шарт баста ва муқовиматро ба хубӣ намешиносад ва намедонад, ки муқовимат ва фарзандони он, таҳаммул ва сабр мекунанд.
Наим Қосим гуфт, давлат бояд аз тамоми зарфиятҳои мавҷӯд дар Лубнон, аз ҷумла муқовимат, ваҳдат, қудрат ва ҳокимият, истифода кунад то бо душман муқобила кунад.