Январ 26, 2017 18:31 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад: Эрон бузургтарин ҳомии Сурия аст

Раисҷумҳури Сурия гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бузургтарин ҳомии миллати Сурия дар буҳрони шашсолаи ин кишвар будааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Башор Асад, раисҷумҳури Сурия рӯзи панҷшанбе дар Димишқ дар дидор бо Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, дастёри вежаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба пирӯзиҳои ахири муқовимати Сурия дар баробари террористҳои такфирӣ ишора карда гуфт, Эрон дар ин пирӯзиҳо шарики Сурия аст. Амирабдуллоҳиён ҳам дар ин дидор пирӯзиҳои майдонӣ дар шаҳри Ҳалаб ва пирӯзиҳои сиёсӣ дар музокироти Остонаи Қазоқистонро ба раисҷумҳури Сурия табрик гуфт.

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон пеш аз дидор бо Башор Асад бо раҳбарони Фаластин дар Димишқ низ мулоқот карда, дар бораи охирин таҳаввулоти минтақа ва Фаластин бо онон ба гуфтугӯ пардохт. Раҳбарони Фаластин дар ин дидорҳо талоши пинҳон ва пайдои бархе кишварҳоро барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ хиёнат ба ормони мардуми Фаластин ва озодии Қудс хонданд.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён рӯзи чаҳоршанбе дар садри ҳайате барои сафари дурӯза аз марзи заминии Лубнон вориди Сурия шуд. Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон пеш аз сафар ба Сурия дар Бейрут бо масъулони Лубнон дар бораи равобити дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ кард.

 

Барчасп